Хуҷанд (бошгоҳи футбол)

бошгоҳи футболи Хуҷанд
(Тағйири масир аз «Хуҷанд» (бошгоҳи футбол))

Хуҷандбошгоҳи футболи тоҷик аз шаҳри ҳамном дар шимоли кишвар. Ягона бошгоҳи футболи Тоҷикистон, ки дар ҳама чемпионатҳои кишвар ширкат кардааст.

Парчами Тоҷикистон «Хуҷанд»
Номи пурра Бошгоҳи футболи «Хуҷанд»
Лақаб Уқобҳо
Таъсис 1976
Майдон Варзишгоҳи 20-солагии истиқлолият
Ғунҷоиш 25 000
Президент Парчами Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода
Мудири иҷроия Парчами Тоҷикистон Фаррух Марофиев
Мураббӣ Парчами Тоҷикистон Рустам Хоҷаев
Сайт fc-khujand.tj
Мусобиқа Лигаи олии футболи Тоҷикистон
2022 3
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ
Форма
Либоси
дуввум

Таърихи бошгоҳ

вироиш

Пешгузаштагони «Хуҷанд»

вироиш

То соли 1976 дар чемпионати ИҶШС инҳо баромад мекарданд: дастаҳои Ленинобод (1953, 1954), «Помир»-и Ленинобод (1958—1969) — дар класси «Б» / гурӯҳи дуюми класси «А».

«Помир»-и Ленинобод соли 1959 дар мусобиқаи минтақавии класси «Б» ғолиб баромад, вале ба класси «А» таклифнома нагирифт, ки соли 1960 аз 12 ба 22 даста зиёд карда шуда буд. Дар чемпионати ИҶШС дар соли 1959 голзанҳои бехтарини даста Станислав Стадник дар 22 бозӣ 11 гол, Филипп Михайлов дар 24 бозӣ 9 ва Эдуард Астватсатуров 9 гол дар 24 бозӣ буданд. Дастаро Михаил Коробко мураббигӣ мекард.

Соли 1966 «Помир»-и Ленинобод дар мусобиқаи минтақавии Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар класси «Б» ғолиб баромад. Ба даста Геннадий Неделкин сардорӣ мекард.

Солҳои 1967—1969 «Помир» дар гурӯҳи дуюми класси «А» баромад кард. Соли 1969 дар зергурӯҳи 4-ум ҷои охирини 21-умро гирифт ва баъд аз он аз мусобиқаи дастаҳои устодон баромад.

«Хуҷанд» дар чемпионатҳои ИҶШС ва Тоҷикистон

вироиш

Соли 1976 дар заминаи «Помир», ки дар чемпионати ҶШС Тоҷикистон баромад мекард, ФК «Хуҷанд» таъсис ёфт. Аз соли 1976 инҷониб бошгоҳ дар лигаи дуюми чемпионати ИҶШС баромад карда, муваффақияти калон ба даст наовард. Вазифаи асосии бошгоҳ аз тайёр кардани футболбозон ба дастаи асосии ҷумҳурӣ — «Помир»-и Душанбе буд.

Натиҷаҳои беҳтарини Хуҷанд дар солҳои охири шӯравӣ:

1983 ва 1986 — ҷои 8-ум;

1990 - ҷои 6-ум (байни 20 бошгоҳ);

1991 - ҷои 3-юм (байни 26 бошгоҳ).

Аз соли 1992 инҷониб пайваста дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Аз замони истиқлолияти Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ, БФ «Хуҷанд» чор маротиба Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст; 1998, 2002, 2008 ва 2017.

12 апрели соли 2019 Нӯъмонҷон Юсупов аз вазифаи мудири бошгоҳ барканор шуд ва Шариф Зиёев мудири муваққатӣ таъин шуд.

16 апрели соли 2019 Виталий Левченко мудири нави «Хуҷанд» таъин гардид[1].

21 декабри соли 2019 Никола Лазаревич сармураббии нави БФ «Хуҷанд» эълон шуд[2].

12 июли соли 2020 «Хуҷанд» Ҳаким Фузайловро мудири нави худ эълон кард, зеро Никола Лазаревич ба далели маҳдудиятҳои сафар бар асари пандемияи COVID-19 натавонистааст ба Тоҷикистон баргардад[3] ва Рустам Хоҷаев қаблан аз замони бозгашти Лигаи Олии Тоҷикистон 16 июни соли 2020 муваққатан масъул буд. .

10 сентябри соли 2020 Ҷоми AFC-2020 лағв шуд[4].

Муваффақиятҳо

вироиш
  1. ВИТАЛИЙ ЛЕВЧЕНКО ВОЗГЛАВИЛ ХУДЖАНД(рус.). fc-khujand.tj. FK Khujand (16 April 2019). 15 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 октябри 2020.
  2. НИКОЛА ЛАЗАРЕВИЧ НАЗНАЧЕН ГЛАВНЫМ ТРЕНЕРОМ ХУДЖАНДА(рус.). fc-khujand.tj. FK Khujand (21 December 2019). 15 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Декабри 2019.
  3. ХАКИМ ФУЗАЙЛОВ ВОЗГЛАВИТ ХУДЖАНД(рус.). fc-khujand.tj. FK Khujand (12 July 2020). 15 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2020.
  4. AFC Executive Committee announces updates to 2020 competitions calendar. the-afc.com. Asian Football Confederation (10 September 2020).

Пайвандҳо

вироиш