Ёдгориҳои манқул
Ёдгориҳои манқул – ёдгориҳое мебошанд, ки аз ҷое ба ҷое кӯчонидан мумкин нест.
Ба ёдгориҳои манқул дохил мешаванд: лавозимоти рӯзгор, аслиҳа, сарулибос, нақшу нигори ороишӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, боқимондаҳои ашё ва лавозимоти дар натиҷаи ковишҳои бостонӣ ошкоргардида ва ғайраҳо. Ин ёдгориҳо бояд аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ дошта бошанд.
Ёдгориҳои манқул асосан дар осорхонаҳо, намоишгоҳҳо ҳифз гардида, тавассути экспозитсияҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Бо истифода аз ёдгориҳои манқул намоишҳои сайёр дар таълимгоҳҳо, муассисаҳои фарҳанг, корхонаву ташкилотҳо ташкил намудан мумкин аст.[1]
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- ↑ Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 20.