Василий Абаев
Васи́лий Ива́нович Аба́ев (осет. Абайты Иваны фырт Васо; 2 (15) декабри 1900, деҳаи Коби, губернияи Тифлис, ҳозира Гурҷистон — 12 марти 2001, Маскав) — филолог, мутахассиси гурӯҳи забонҳои эронӣ. Миллаташ осетин. Доктори илмҳои филология (1962), професор (1969).
осет. Абайты Иваны фырт Васо | |
Таърихи таваллуд | 2 (15) декабр 1900[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 март 2001[2][1][3] (100 сол) ё 12 март 2001[4] (100 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | филология, забоншиносӣ, эроншиносӣ, local history[d], решашиносӣ ва Педагогика |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст (1925). Аз соли 1945 то охири умраш ходими илмии Институти забоншиносии АИ Россия буд. Бештар аз 270 асари ӯ доир ба назарияи этимология ва таърихи пажӯҳишҳои забоншиносӣ, забоншиносии эронӣ ва ҳиндуаврупоӣ, оид ба масъалаҳои забоншиносии умумӣ ба табъ расидаанд. Абаев забонро дар робита ба таърих, ҳаёти иҷтимоӣ, маданият, ақоиди фалсафию динӣ ва урфу одати халқ тадқиқ кардааст.
Ӯ Осиёи Марказиро нахустсарзамини мардуми ориёӣ шумурда, ҳампайвандии бевоситаи аланҳо ва дигар қавмҳои мардуми эронинажод ва скифҳоро нишон додааст Абаев мақолаҳои бунёдие дар бораи Зардушт («Ҳаёти маишии скифҳо ва ислоҳоти Зардушт») ва «Готҳо» («Устура ва таърих дар «Готҳо»-и Зардушт») нигоштааст. Дар таҳқиқоти дигари Абаев матнҳои Катибаи Бесутун тарҷума шуданд. Дар «Фарҳанги таърихию этимологии забони осетинӣ» (ҷилди 1 – 5, 1958 – 95) ном асараш ӯ таъриху этимологияи вожаҳои осетиниро дар заминаи маводи 190 забони дунё тадқиқ карда, робитаи забони осетиниро бо дигар забонҳо нишон додааст. Абаев муҳаққиқи фолклори осетинҳо (китоби «Забон ва фолклори осетинӣ», ҷилди 1, 1949), луғатшинос («Луғати русӣ-осетинӣ», нашри сеюм, 2000), адабиётшинос (мақолаҳо оид ба асосгузори адабиёти осетинӣ Коста Хетагуров) ва ғайра мебошад.
Дар Конгресси XVI шарқшиносони Германия (Ҳалле, 1958), Конгресси XXV байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) иштирок кардааст.
Ҷоизаву ҷоизаҳо
вироишХодими хизматнишондодаи илми Осетияи Шимолӣ (1957) ва Гурҷистон (1980), нахустин барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Коста Хетагуров (1966), барандаи Мукофоти давлатии СССР (1981) буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 http://ossetians.com/eng/news.php?newsid=60
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ https://iling-ran.ru/web/en/scholars/abaev
- ↑ Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
- ↑ Сотрудники Российской национальной библиотеки (рус.)
Адабиёт
вироиш- Исаев М. И. Василий Иванович Абаев (род. 15 декабря 1900 г.) // Отечественные лексикографы: XVIII—XX века / Под ред. Г. А. Богатовой. Институт русского языка им. В. В. Виноградова РАН; Лексикографический семинар; Кабинет «Славянский мир». — М.: Наука, 2000. — С. 399 - 417. — 512 с. — 1 000 экз. — ISBN 5-02-011750-1. (в пер.)
Пайвандҳо
вироиш- Абаев В. С. Общегуманитарные аспекты теоретического языкознания Бойгонӣ шудааст 11 марти 2016 сол.
- Статья в электронной энциклопедии «Кругосвет»
- В. И. Абаев. Грамматический очерк осетинского языка
- Абаев Василий Иванович Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.
- Дубинская О. «Этого оставить…». Независимая газета (ng.ru) (27 Декабри 2000). 3 феврали 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2013.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |