Абалак
Абала́к (лот. Ceratocarpus urticulosus) — гиёҳест яксола, мансуби шураиҳо.
Абалак | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Ceratocarpus urticulosus | ||||||||||
|
Тавсифоти биологӣ
вироишПояаш сершоху барг. Баргаш тасмашакли нугтез (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳорон мешукуфад). Мевааш сегӯша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; дуто хори борики тез ё чангакмонанд дорад.
Паҳншавӣ
вироишАбалак асосан дар регзор, санглох, ҷойҳои сершибоғу шӯразори биёбон, канори роҳ, замини партов (мавзеъҳои воҳаи дарёи Сир, водии Вахш, Помири Ғарбӣ, қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон; 350 – 1800 м баландтар аз сатҳи баҳр) месабзад; абалакзор баъзан замини васеъро фаро мегирад. Абалак алафи бегонаи кишти ғалладона аст.
Хосияти шифоӣ
вироишАбалак гиёҳи шифоист. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргашро барои нигоҳ доштани хуни бинӣ истифода мебаранд. Абалак хӯроки хуби чорвост. Онро баҳору тобистон аспу шутур ва моли майда нағз мехӯрад; гов намехӯрад. Абалак дар давраи мевабандиаш 2 – 9,5% протеин, 6 – 7% сафеда, 2% равған, 37 – 38% клетчатка ва 42 – 45% моддаҳои қиёмшавандаи бенитроген дорад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ . — СИ ЭМТ, 1989. — Ҷ. 1. — С. 576.
Адабиёт
вироиш- Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967;
- Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968.
Сарчашма
вироиш- Абалак // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.