Абдол Султон, Абдумалик
Абдо́л Султо́н, Абдумалик (? — 1580, Ҳисор) — яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Абдуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон.
Таърихи даргузашт: | 1580 |
---|---|
Маҳалли даргузашт: | Ҳисор |
Навъи фаъолият: | султон, шоир |
Зиндагинома
вироишАбдол Султон дар аҳди Искандархон (1561—1583) ҳокими Зомин будааст. Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт ва дар мубориза бо ӯзбек Султон ба қатл расид. Пас аз қатлаш ҷасади ӯро ба Самарқанд оварданд ва дар мадрасаи Кӯкунчихон ба хок супурданд. Абдол Султон табъи шоирӣ дошта, бо тахаллус «Хуш» ба забонҳои форсӣ ва ӯзбекӣ шеър сурудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдол Султон, Абдумалик // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Мухторов А., Ҳисор. Очерки таърихӣ (Охири асри XV — аввали асри XX), Д., 1995;
- Ӯзбекистон миллий энциклопедияси, 1 ж., Тошкент, 2000.