Сайфулло Абдуллоев

(Тағйири масир аз Абдуллоев Сайфулло)

Сайфулло Абдуллоев (1899, Хоруғ — 1938) — ходими ҳизбию давлатии Тоҷикистон. Аз муборизони барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон.

Сайфулло Абдуллоев
парчам
Котиби дуюми КМ ҲК(б)Тоҷикистон
20 августи 1936 — 1937
Пешгузашта Ӯрунбой Ашӯров
Ҷонишин Александр Иосифович Фролов
парчам
Комиссари халқии саноати маҳаллии ҶШС Тоҷикистон
? — сентябри 1937
парчам
Комиссари халқии заминсозии ҶШС Тоҷикистон
1931 — апрели 1932
парчам
Комиссари халқии ИКД ҶШС Тоҷикистон
сентябри 1932 — январи 1934
парчам
Раиси Комиссияи Марказии назорат (КМН) ҲК(б) Тоҷикистон
сентябри 1932 — январи 1934
Таваллуд 1899(1899)
Даргузашт 8 феврал 1938(1938-02-08)
Маскав, ҶШФСР, ИҶШС[1]
Мадфан
Ҳизб
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Хидмати сарбозӣ
Навъи артиш Soviet Border Troops[d]
Рутба не установлено

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1912—1915 дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1916—1918 дар хидмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд. Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои 1918 — 26 аввал дар сафи отрядҳои револютсионӣ узви комиссияи фавқулода оид ба муборизаи зидди ҳаракати аксулинқилобӣ, ҳаннотӣ ва балвогарӣ, баъд раиси Комитети револютсионии ВМКБ, 1926—1928 мудири шуъбаи тарғиб ва ташвиқи Бюрои ташкилоти ПК (б) ӯзб. дар РАСС Тоҷикистон, прокурори ВМКБ буд. Соли 1928 ВКП (б) Абдуллоев дар вазифаи ҳизбӣ (ҳизби коммунист) ба корхонаҳои саноатии Урал фиристод. Солҳои 1929—1936 котиби масъули Комитети ҳизбии округи Ҳисор, мудири шуъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон, комиссари халқии зироати республика, котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, раиси Комиссияи Марказии назорат ва комиссари Инспексияи коргару деҳқон, 1936—1937 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон Борҳо аъзои КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст[1]. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Адабиёт

вироиш