Абдулмӯъмин ибни Абдуллоҳ ибни Искандар (? – 1599) — охирин хон аз хонадони Шайбониён.

Абдулмуъминхон
ӯзбекӣ: Abdulmo'minxon
1568 — 1598
Пешгузашта Абдуллоҳхони II
Таваллуд 16 январ 1568
Даргузашт 1598
Дудмон list of Uzbek khans[d]
Падар Абдуллоҳхони II

Зиндагинома

вироиш

Солҳои охири ҳукумати Абдуллоҳхон дар зиддияти тамом бо ягона писараш Абдулмӯъмин сипарӣ шуд. Абдулмӯъмин аз соли 1582 дар Балх ва Бадахшон аз номи падари худ Абдуллоҳхон ҳукмронӣ мекард. Абдулмӯъмин аз падари худ иддаои ҳукумати воқеӣ кард, аммо Абдуллоҳхон ба ҳеч ваҷҳ намехост мавқеи хешро аз даст диҳад. Фақат бо дахолати рӯҳонияти Бухоро зиддияти писару падар бартараф гардид ва Абдулмӯъмин ақиб нишаст. Қавмҳои бодиянишин, ки аз зиддияти падару писар огоҳӣ доштанд, вориди вилояти Тошканд шуда, дар дашти миёни Тошканд ва Самарқанд қарор гирифтанд. Абдуллоҳ, ки бо ҳадафи шикаст додани душман аз Бухоро ба ҷониби Самарқанд равон шуда буд, бар асари беморӣ фавтид (8 февр. 1598). Абдулмӯъмин соҳиби тахт шуда, аз рӯзҳои аввали салтанаташ рақибонашро бераҳмона аз миён бардошт. Ҳукуматаш дер накашид. Вай пас аз шаш моҳи салтанат, дар натиҷаи суиқасди ҷонибдорони падараш ҳангоми шикор, дар мавзеи миёни ӯротеппа ва Зомин ба қатл расид. Пас аз қатли Абдулмӯъмин ашрофи ҳокими шайбонӣ ва рӯҳонияти Мовароуннаҳр ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо шуданд ва мубориза миёни онон барои ба сари қудрат овардани хони нав ба муддати зиёд тӯл кашид. Пас аз марги Абдулмӯъмин бисёре аз шаҳрҳо ва вилоёти Мовароуннаҳр аз қабили Ахсекат, Андиҷон, Тошканд, Фарғона ва ғайра зери тасарруфи қазоқҳо қарор гирифтанд.

Адабиёт

вироиш
  • Бартольд В. В., Сочинения, т. II. Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии, М., 1964;
  • Хамза Камол, Политическая история Мавераннахра в XVI в., Д. 2007.