Абдуллоҳ Мирзо
Абдулло́ Мирзо́ (1433—1451) — ҳокими вилояти Форс дар Мовароуннаҳр (1450-51). Аз сулолаи Темуриён. Фарзанди хурдии Иброҳим Мирзо, додари Улуғбек.
Абдуллоҳ ибни Иброҳимсултон | |
1450 — 1451 | |
Пешгузашта | Абдуллатиф |
Ҷонишин | Абусаид |
Таваллуд |
19 март 1433 |
Даргузашт |
22 июн 1451[1] (18 сол) |
Дудмон | дудмони Темурӣ |
Падар | Иброҳим Султон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳукмронӣ
вироишБаъд аз вафоти падараш ҳокими вилояти Форс таъйин гардид. Аз сабаби ноболиғ будани Абдулло Мирзо модараш Руқиябегим дар вилоят ҳукмронӣ мекард. Соли 1447 баъд аз вилояти Форсро гирифтани амакбаччааш Султон Муҳаммад Мирзо Абдулло Мирзо ба Ҳирот гурехт. Соли 1448 ба дарбори амакаш Улуғбек омада ба духтари ӯ хонадор шуд. Баъд аз Абдуллатиф ба сари тахти Мовароуннаҳр нишаст. Абдулло Мирзо дар ҷанг бо даъвогари тоҷу тахт Султон Абусаид Мирзо ҳалок гардид.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдулло Мирзо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.