Абдуманон Олимӣ
Абдуманон Ғафорзода Олимӣ (Абдуманон Ғафорович Олимов; 1 декабри 1950, Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, номзади илмҳои физика- математика (1988), дотсент (1994). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2002)
Абдуманон Ғафорович Олимов | |
Акс:Абдуманон Ғафорзода Олимӣ.jpg | |
Таърихи таваллуд | 1 декабр 1950 (73 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | математика |
Ҷойҳои кор | Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика,(1988) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (1994) |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров(ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) (1967-1972) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2002) |
Зиндагинома
вироишАбдуманон Ғафорзода Олимӣ (Абдуманон Ғафорович Олимов) 1-уми декабри соли 1950 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Соли 1972 факултети физика - математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо дипломи аълочӣ хатм кардааст. Дар давраи таҳсил – солҳои 1969 – 70 ва минбаъд солҳои 1971- 73 дар мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Шаҳртус ҳамчун муаллими математика фаъолият намудааст. Солҳои 1973-1974 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизматро адо кардааст. Дар давоми солҳои 1975 – 81 дар вазифаи муаллими кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров фаъолият бурдааст. Солҳои 1981- 82 коромӯз – тадқиқотчӣ ва солҳои 1982 – 85 аспиранти таҳсили рӯзонаи факултети механика – математикаи Университети Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд. Пас аз хатми аспирантура дар кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров дар вазифаи муаллим (1986), сармуаллим (1986 -89), дотсент (1989 - 91), дотсент, мудири кафедра (1991 - 1995) кор кардааст. Солҳои 1995 – 96 ноибректори корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров буд. Солҳои 1996 – 2012 вазифаи дотсент, мудири кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳо (аз соли 1998 кафедраи анализи математикӣ)-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро иҷро кард. Аз соли 2012 ин ҷониб фаъолияташро дар вазифаи дотсенти кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров давом медиҳад.[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишФаъолияти илмиашро аз соли 1982 дар соҳаи муодилаҳои дифференсиалӣ сар кардааст. Дар аввал ба омӯзиши муодилаҳои навъи гиперболӣ бо коэффитсиентҳои сингулярӣ машғул шуда аз рӯи натиҷаҳо соли 1988 таҳти роҳбарии математики машҳури тоҷик академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика – математика, профессор Нусрат Раҷабов рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Тасвирҳои интегралӣ ва масъалаҳои канорӣ барои баъзе муодилаҳои гиперболии тартибҳои дуюм ва боло бо ду хатҳо ё ҳамвориҳои сингулярӣ» ҳимоя намудааст. Минбаъд пажӯҳиши муодилаҳои дифференсиалии одӣ ва бо ҳосилаҳои хусусӣро идома дода тарзи сохтани тасвирҳои интегралии ҳалҳои баъзе муодилаҳои дифференсиалии сингулярии гиперболии тартиби боло, муодилаҳои дифференсиалии одии намудашон махсус, муодилаҳои дифференсиалии одии хаттии тартиби боло бо нуқтаи дорои сингулярнокии гуногунро ёфтааст. Бо ёрии тасвирҳо ва формулаҳои баргардонии онҳо хосиятҳои ҳалҳои муодилаҳои тадқиқшавандаро дар атрофи нуқтаҳои махсус омӯхта, барои онҳо масъалаҳои намудҳои Кошӣ, Рикӣе, Кошӣ - Рикӣе, хаттӣ – ҳамроҳшавӣ, Гурса ва Дарбу ҳал карда шудаанд. Натиҷаҳои илмӣ дар як қатор конференсияҳои байналхалқӣ ва республикавӣ ( Россия, ш. Сибай, 2013, ш.ш. Терскол, Налчик 2016, 2017, 2018; Душанбе, 1983, 1987,1990, 1996, 1998, 2000, 2003, 2005, 2008, 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2018; Кӯлоб 1991; Қӯрғонтеппа, 1997,2017; Хуҷанд, 1990, 2003, 2008, 2010, 2014, 2015, 2018) ба муҳокима бароварда шудаанд. Дар замина тадқиқоти гузаронидашуда таҳти роҳбарии ӯ сармуаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров Дадоҷонова М.Ё. рисолаи номзадиро омода сохта бо муваффақият дифоъ намудааст.
Осори илмӣ
вироиш- Абдуманон Ғафорзода Олимӣ муаллифи бештар аз 120 мақолаҳои илмӣ, илмӣ - методӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Мақолаҳои илмии ӯ, ба монанди Интегральное представление и задача типа Коши для одного модельного гиперболического уравнения второго порядка с двумя сингулярными гиперплоскостями//Изв. АН Тадж. ССР. Отд-ние физ-мат, хим.и геол.наук №4 (94)-Душанбе, 1984;
- *Интегральные представления и граничные задачи для одного гиперболического уравнения второго порядка// Изв. АН Тадж. ССР. Отд-е физ-мат., хим. и геол. наук.-№4 (98)-Душанбе, 1985;
- *К теории одного обыкновенного дифференциального уравнения специального типа с сингулярной точкой// Совремённые проблемы математического анализа и их приложений. Материалы международной научной конференции. – Душанбе: Дониш, 2010;
- *Обыкновенное дифференциальное уравнение специального типа с левой сверх сингулярной точкой//Совремённые проблемы математики и ее приложения. Материалы международной научной конференции. – Душанбе: Дониш, 2011;
- *Интегральные представления решений и задачи типа Коши - Рикье для одного уравнения, полученного итерированием обыкновенного дифференциального оператора первого порядка со сверх сингулярной точкой// ДАН Республики Таджикистан, 2014г., т. 57 № 9-10 (дар ҳаммуаллифӣ);
- *Интегральные представления общего решения для одной переопределенной системы, полученной итерированием дифференциальных операторов в частных производных первого порядка// Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ, Хуҷанд: Нури маърифат, 2014, №4(31);
- *Линейное обыкновенное дифференциальное уравнение третьего порядка общего вида со сверх сингулярной точкой// Вестник Таджикского Национального Университета. Серия естественных наук. – Душанбе: Сино. - 2016, 1/1(192) (дар ҳаммуаллифӣ);
- *Интегральные представления и задачи типа Коши для одной системы линейных обыкновенных дифференциальных уравнений второго порядка с сингулярной точкой// ДАН Республики Таджикистан, 2016 г., т. 59 № 3-4 (дар ҳаммуаллифӣ);
- *Интегральные представления и задачи типа Коши для одной системы линейных обыкновенных дифференциальных уравнений второго порядка со сверх сингулярной точкой// ДАН Республики Таджикистан, 2017г., т. 60, № 7-8. - С. 279-285;
- *Интегральное представление и задача типа Коши для обыкновенного дифференциального уравнения второго порядка с граничной слабо сингулярной точкой// Вестник Таджикского Национального Университета. Серия естественных наук. – Душанбе: Сино. – 2018.-№1.-С.11-16, аз дастовардҳои муҳими илмиро соҳиб будани ин олим далолат медиҳад.
Китобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Нишондодҳои методӣ оид ба назарияи қаторҳо/ Нозимов А.Б, Олимов А.Ғ., Турсунов М. – Хуҷанд, 1990. – 84 с.
- Анализи математикӣ. Интеграли номуайян/ Олимов А.Ғ., Нозимов А.Б.- Хуҷанд, 1992. – 53 с.
- Методические указания и контрольные задания по курсу теории аналитических функций/ Олимов А.Ғ., Ахмедов Р., Филин В.А.-
Худжанд, 1999. – 43 с.
- Таҳлили математикӣ. Интеграли номуайян. Интеграли муайян/ Олимов А.Ғ., Охунов Н. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. -115 с.
- Таҳлили математикӣ. Ҳисоби дифференсиалии функсияҳои бисёртағйирёбандаҳо. Назарияи қаторҳо / Олимов А.Ғ., Мӯҳсинов А.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. - 104 с.
- Таҳлили математикӣ. Ҳисоби дифференсиалии функсияҳои бисёртағйирёбандаҳо. Назарияи қаторҳо / Олимов А.Ғ., Тӯйчиев О. Атаева М. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2003.-102 с.
- Таҳлили математикӣ. Интегралҳои аз параметр вобаста. Қатор ва табдилдиҳиҳои Фурйе. Ҳисоби интегралии функсияҳои бисёртағйирёбандаҳо. Мафҳумҳои асосии назарияи майдон/ Олимов А.Ғ. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2003.-168 с.
- Маҷмӯаи супоришҳои тестӣ аз математика/ Олимов А.Ғ. - Хуҷанд: Шуъбаи полиграфии Кумитаи омори вилояти Суғд, 2006.-168 с.
- Таҳлили математикӣ. Қисми 1. Муқаддимаи таҳлил / Олимов А.Ғ. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2010.-152 с.
- Маълумотномаи мухтасар аз математикаи мактабӣ. Қисми 1. Арифметика, алгебра ва ибтидои анализ / Олимов А.Ғ. - Хуҷанд: Меъроҷ, 2014. - 176 с.
- Назарияи функсияҳои тағйирёбандаи ҳақиқӣ / Олимов А.Ғ. - Хуҷанд: Меъроҷ, 2016. – 228с.
- Татбиқи анализи математикӣ дар ҳалли масъалаҳои табиатшиносӣ/ Олимов А.Ғ. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.- 180с.
Сарчашма
вироиш- Публикации Олимова А.Г. в электронной библиотеке eLIBRARY.RU
- Риёзидон/А.Мӯҳсинов, Ё.Дадоҷонов, Қ. Бобохонов// Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ, Хуҷанд: Нури маърифат, 2010, №2(17). – С.162 – 164.
Ҷоизаҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Кафедраи анализи математикии Олимов Абдуманон Fафорович(тоҷ.). www.hgu.tj. 10 Декабри 2024 санҷида шуд.