Рустами Абдураҳим
Рустами Абдураҳим (Рустам Абдураҳимов; 5 май 1938, Момандиён, деҳоти Нуралишо Назаров — 24 октябр 1992, Душанбе) — навозанда ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1993, баъди даргузашт).
Рустам Абдураҳимов | |
Таърихи таваллуд | 5 май 1938 |
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 24 октябр 1992 (54 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | дуторнавоз, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1993) |
Зиндагинома
вироишИнститути давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар соли 1966 хатм намуда, дар макотиби миёнаи шаҳри Кӯлоб аз забони англисӣ дарс додааст. Аз соли 1991 директори маркази илмӣ-методии Хонаи эҷодиёти халқ ва муддате сардори раёсати фарҳанги собиқ вилояти Кӯлоб буд.
Дар навохтани дутор дасти боло дошт, оҳангҳои зиёде аз қабили «Хайрбод», «Гулгашти Самарқанд», «Навои Хатлон», «Навои Момандиён», «Нӯшбод», «Аллаи модар», «Сӯзи булбул», «Баргрез», «Дарди ишқ», «Фироқ», «Гулафшон», «Сӯзи дил», «Ҷилваи кокул», «Андалеб» ба ёдгор гузоштааст. Оҳангҳои баргузидаашро фирмаи «Мелодия»-и Маскав ба тариқи стерео дар қарта сабт намуда, дастраси умум гардондааст. Иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои мусиқанавозон буд.
Фаъолияти сиёсӣ ва кушта шудан
вироишРустам Абдураҳим, раҳбари созмони «Ошкоро», ки дар ҳаводиси соли 1992 аз Фронти халқӣ ҳимоят мекард, 24 октябри соли 1992 дар сини 54-солагӣ дар Душанбе кушта шуд[1].
Ҷоизаҳо
вироишБарандаи чандин ҷоизаву дипломҳои озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ буда, дар Симпозиуми мусиқии фолклории шаҳри Ленинград барои иҷрои навои Карими Шиш «Хайрбод» ба дипломи дараҷаи якум қадр шудааст[2].
Бузургдошт
вироишНимпайкараи Рустам Абдураҳим дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб гузошта шуда[1] ва Осорхонаи Рустами Абдураҳим низ дар ҳамин шаҳр боз шудааст[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Маҳмудҷон Раҳматзода. Бозкушоии нимпайкараи Рустами Абдураҳим дар Кӯлоб(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 май 2016). Проверено 16 Январ 2024.
- ↑ Обидпур Ҷ., Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б. Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 9 — 480 с. — ISBN 978-999-47-43-90-2
- ↑ Шахлои Рустам. Вечный звон дутара. Народная газета (4 июли 2018). 16 Январ 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2024.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.