Абдураҳим Ҳасанов
Абдураҳим Ҳасанов (01.01.1933, Душанбе) — доктори илмҳои геология ва минералогия (1970), профессор (1971), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1991).
Абдураҳим Ҳасанов | |
Таърихи таваллуд | 1 январ 1933 (91 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | геология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Шаблон:Ходими шоистаи илми Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбдураҳим Ҳасанов хатмкардаи (1954) факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин аст. Фаъолияташ пурра дар ҳамин боргоҳи илм ҷараён гирифтааст. Давоми беш аз ним аср вазифаҳои лаборант, ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи минералогия ва петрография (1954-1964), мудири ҳамин кафедра (1964-1979), декани факултаи геология (1980-1985) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро иҷро кардааст. Аз соли 1985 то 2008 ба кафедраи минералогия ва петрология сарварӣ намудааст. Оид ба масоили мухталифи геология, минералогия, нетрология ва пайдоиши маъдан дар Тоҷикистони Марказӣ ва навоҳии атрофи он беш аз 120 таълифот ба табъ расондааст.Осораш барои омӯзиши қонуниятҳои пайдоиши сарватҳои зеризаминӣ дорои аҳамияти хос мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» қадр ёфтааст.
Осор
вироиш- Петрология и рудоносность метасоматических комплексов Центрального Таджикистана. – Д., 1966;
- Петрология интрузивных и метасоматических образований и некоторые вопросы рудогенеза Центрального Таджикистана: Дисс… доктора геолог-минер. наук. – Алмаата, 1970;
- Геология ва прогресси илмӣ-техникӣ. – Д., 1981;
- Баъзе фикру мулоҳизаҳо дар бораи зилзила. – Д., 1982;
- Краткий курс полезных ископаемых. Часть1, 2. – Д., 1987, 1988;
- Сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Тоҷикистон. – Д., 1990;
- Закономерности размешения, геодинамика и возможная алмазность кимбершта подобных трубок взрыва Центрального Таджикистана. – Д., 2004.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.