Абдураҳмон Ҳомидзода

Абдураҳмон Ҳомидзодамуҳандис-механик, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдураҳмон Ҳомидзода
Ҳомидзода Абдураҳмон
Таърихи таваллуд: 19 феврал 1964(1964-02-19) (60 сол)
Зодгоҳ: Турсунзода , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи пӯлоду хулаҳои шаҳри Москва
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Абдураҳмон Ҳомидзода 19 феврали соли 1964 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ва соли 2007 Донишкадаи пӯлоду хулаҳои шаҳри Москваро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандис-механик, муҳандис

  • Солҳои 1981-1982-донишҷӯи ОКТ–59-и шаҳри Турсунзода;
  • Соли 1982 (10)-электролизчии намакҳои обшудаи сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1982-1985-хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ;
  • Соли 1986 (01-11)-электролизчии намакҳои обшудаи сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1987-шунавандаи шуъбаи тайёрии Институти политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1987-1992-донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1992-1993-электролизчии намакҳои обшудаи иморати №5-и сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1993-1996-устои истеҳсолоти иморати №5-и сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-1999-устои калони истеҳсолоти иморати №4-5-и сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1999-2003-сардори сехи электро­лизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2003-2005-ҷонишини сардори маркази муҳандисию техникӣ- сардори сектори мониторинг ва таҳлили Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2005-2007-сардори сехи рехтагарии Заводи алюминии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2007-2012-директори истеҳсолоти рехтагарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
  • Солҳои 2012-2015-сардори шуъбаи истеҳсолию танзимгарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
  • Аз моҳи феврали соли 2015- то инҷониб директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]

Мукофот ва ҷойизаҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Ҳомидзода Абдураҳмон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.