Абдурраззоқи Самарқандӣ

Камолуддин Абдурраззоқ ибни Исҳоқи Самарқандӣ (7 ноябр 1413[1], Ҳирот1482, Ҳирот) — нависанда, таърихнигор ва шоири форс-тоҷик.

Абдурраззоқи Самарқандӣ
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1413(1413-11-07)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1482
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таърихнигорӣ

Зиндагинома

вироиш

Падари ӯ зодаи Самарқанд буда, дар қароргоҳи Шоҳрух (ҳукмр. 1404 — 47) вазифаи қозигӣ ва имомиро адо мекард. Давраи ҷавонӣ ва донишомӯзии Абдурраззоқи Самарқандӣ, асосан, дар Ҳирот гузаштааст. Ӯ дар ин айём дар баробари анвои илмҳои анъанавӣ аз қабили Қуръон, ҳадис, тафсир ва фиқҳу усул илмҳои таърих, забону адабиёт ва иншову шеърро ҳам меомӯхт. Аввалин дафъа дар синни 25-солагӣ ба дарбори Шоҳрух (1437) муаррифӣ гардид ва баамир шарҳи ба рисолаи забоншиносии Азудуддини Инҷу навиштаашро пешкаш намуд. Дар замони ҳукмронии Абулқосим Бобур (1449 — 57), Абусаид (1458 — 69) мулозими онҳо ва дар замони султон Ҳусайн Бойқаро (1470—1506) шайхи хонақоҳи Шоҳрух буд. Соли 1441 Шоҳрух сафорати расмии ҳукуматие бо сардории Абдурраззоқи Самарқандӣ ба Ҳиндустон фиристод. Мусофирон ба Калкатта ва шоҳигарии Ваҷаянагара рафтанд ва соли 1444 ба Ҳирот баргаштанд. Шоҳрух соли 1446 бори дигар дар ҳайати сафорат ӯро ба Гелон (Эрон) фиристод. Соли 1463 султон Абусаид Абдурраззоқи Самарқандиро шайхи хонақоҳи Шоҳрухи Ҳирот таъйин кард ва то охири ҳаёташ ба ҳамин вазифа машғул буд.

Мероси адабӣ

вироиш

Абдурраззоқи Самарқандӣ муаллифи таърихномаест бо номи «Матлаъу-с-саъдайн ва маҷмаъу-л-баҳрайн» (иборат аз ду дафтар — ҷилд, анҷомаш солҳои 1467-70; такмилаш то соли 1480 идома ёфтааст).

Асари Абдурраззоқи Самарқандӣ идомаи «Зубдату-т-таворих» ном асари таърихнигор Ҳофизи Абрӯ мебошад, ки ҳодисаҳову воқеаҳои то соли 1427 дар Мовароуннаҳру Хуросон рӯйдодаро дар бар мегирад. «Матлаъу-с-саъдайн ва маҷмаъу-л-баҳрайн» воқеаҳои таърихии байни солҳои 1304 — 1469-ро инъикос менамояд. «Матлаъу-с-саъдайн ва маҷмаъу-л-баҳрайн» симои Абдурраззоқи Самарқандиро дар назари хонанда на танҳо чун таърихнигори дақиқназар, балки чун насрнависи хуштабъ ҷилвагар месозад. Забонаш содаву равон мебошад. Ба ғайр аз осори мансур Абдурраззоқи Самарқандӣ инчунин дар навъҳои гуногун шеър гуфтааст, ки намунаашон ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд. Матлаи зерин аз ӯст:

Боз абрӯ карда боло турки тирандози ман,
Оламеро кушту дорад ин замон андози ман.

Адабиёт

вироиш