Абдурраҳими Сорбон

Абдурраҳими Сорбон (форсӣ: عبدالرحیم ساربان‎, маъруф ба Сорбон; 27 марти 1930, Кобул2 апрели 1993, Пешовар) — овозхон, бастакор ва шоири аҳли Афғонистон.

Абдурраҳими Сорбон
Таърихи таваллуд 1930
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 апрел 1993(1993-04-02)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1950
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, овозхон
Соз pump organ[d]
Сабк софт-рок[d]

Зиндагинома

вироиш

Абдурраҳими Сорбон «Маҳмудӣ» дар таърихи 27 марти 1929 дар шаҳри Кобул зода шуд. Сорбон омӯзиш ибтидоиро дар мадрасаи Қорӣ Абдуллоҳ ва ммиёнаро дар Лисейи меконикии Кобул ба поён расонд. Дар соли 1331 вориди корҳои ҳунарӣ шуд.

Вай ошиқи духтаре аз наводаҳои Зоҳиршоҳ шуда буд вале ба висол нинҷомед. Қариб ба 20 сол овораи кӯҳу биёбон мешавад.

Фаъолияти ҳунарӣ

вироиш

Нахустин фаъолиятҳои ҳунариашро, ки бозӣ дар театр ва овозхонӣ буд зери назари Устод Фаррух Афандӣ оғоз кард. Сорбон пас аз муддатзамоне дарёфт, ки пайвандаш бо мусиқӣ аст ва фаъолияташро бештар дар ростои мусиқӣ идома дод.

Муҳоҷират

вироиш

Сорбон дар соли 1368 хуршедӣ дучор бемории фалаҷ шуд ба тавре, ки дигар наметавонист ба фаъолияти ҳунариаш идома диҳад. Пас аз сол 1371 хуршедӣ, ки даргириҳои гурӯҳе сабаби вайронии Кобул шуд, ҳамроҳ бо хонавода ба Пешовари Покистон муҳоҷират кард.

Даргузашт

вироиш

Сорбон дар синни 65 солагӣ даргузашт. Дар ибтидо дар шаҳри Пешовари Покистон дафн шуд вале пасонтарҳо пайкари вай тавассути масъулини Телевизиони миллии Афғонистон ва шахси Наҷибуллоҳи Равшан ба Кобул интиқол ёфт. Мадфани ӯ инак дар оромгоҳи Шуҳадои солеҳини Кобул аст.

Маъруфтарин сурудҳо

вироиш
  • Биё, ки бирем ба мазор
  • Ё мавло дилам танг омада
  • Хуршеди ман куҷоӣ
  • Ҳол мо девона шудам меравӣ
  • Фироқ оташ ба ҷон афрӯхт
  • Эй дер бадастомада
  • Нозӣ ҷон ҳамдами ман

Сарчашма

вироиш
  • Куллиёти Сорбон (Бахш аввал ва дувум): Маҷмӯъаи комили оҳангҳо ва мусоҳибаи Сорбон ва навиштаҳое дар бораи ӯ, (Пешовар: ҳудуди соли 1990).