Абдурраҳмони Танбӯрии Самарқандӣ
Абдурраҳмон Танбӯрии Самарқандӣ (1850, Самарқанд — 1898, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон) — навозанда, оҳангсоз, хонанда ва шоири тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1850 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1898 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Зиндагинома
вироишБинобар ба ахбори муаллифи номаълуми «Рисолаи Шашмақом» (1896), ки Абдурраҳмони Танбӯрии Самарқандӣ санъати овозхонӣ, сознавозиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сониян барои такмили ҳунар ба Бухоро рафта, аз устод Қорӣ Каромати Дилкаши Танбурӣ, Аҳмади Дониш асосҳои шеъру мусиқиро меомӯзад. Дар хондану навохтани шуъбаҳои «Наср», «Савт», «Мушкилот»- и «Шашмақом» донишу маҳорати хоса доштааст. Ӯ дар мақоми «Бузург» шохаҳои «Таснифи Бузург», «Тарҷеъи Бузург», «Гардуни Бузург», «Мухаммаси Насрул-лоӣ», «Сақили Ислимӣ», «Сақили Султонӣ», аз мақоми «Рост»- «Таснифи Рост», «Гардуни Рост», «Махаммаси Рост», «Мухаммаси Ушшоқ», «Му-хаммаси Панҷгоҳ»; аз мақоми «Наво»- «Тасни-фи Наво», «Нағмаи Ораз», «Мухаммаси Наво», «Сақили Наво»; аз мақоми «Дугоҳ» — «Таснифи Дугоҳ», «Тарҷеъи Дугоҳ», «Гардуни Дугоҳ», «Пешрав», «Самоъии Дугоҳ», «Мухаммаси Дугоҳ» ва дар мақомҳои «Сегоҳ», «Ироқ» ва оҳангҳои мардумиро хеле устодона менавохта аст. Дар заминаи зарбу навоҳои мақомҳо асарҳои зиёди созию овозӣ сохта, махсусан, «Савти танбӯр», «Амали Баҳор», «Мухаммаси Абдурраҳмон» дар амалиёти мусиқӣ машҳур будаанд.
Абдурраҳмони Танбӯрӣ шеърро (ғазалу рубоӣ) низ некӯ мегуфта ва чанд ғазалаш дар баёзҳои «Шашмақом» собит шудаанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 15 ISBN 978-99947-49-13-3