Абдусалом Атобоев
Абдусалом Атобоев - нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974)
Абдусалом Атобоев | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абдусалом Атобоев |
Таърихи таваллуд: | 20 апрел 1934 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Исфара |
Таърихи даргузашт: | 24 апрел 1986 (52 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Зиндагинома
вироишАбдусалом Атобоев 20 апрели 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом чанде дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро ба поён расондааст. Муддате дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кадааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст. Абдусалом Атобоев 24 апрели 1986 аз ҷаҳон даргузашт.
Эҷодиёт
вироишАз солҳои 60-ум ба кори эҷодӣ пардохтааст. Аввал очерку ҳикоя менавиштааст, ки чанде аз онҳо дар моҳномаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Гулистон», «Машъал» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ нашр шудаанд. Осори мансураш дар китобҳои «Вохӯрӣ бо падар» (1976) ва «Шиносоӣ» (1978) ба табъ расидаанд. Муваффақияти ӯ бештар дар драматургия ба чашм мерасид, ки намоишномаҳои «Суруди нотамом» (1991), «Иллоанта» (1972), «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1975), «Телеграмма ба Ленин» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1976), «Имтиҳон» (1977), «Қиссаи аввалин» (1978) ва «Қиёми Лоҳутӣ» (1976) гувоҳи онанд. Матни чанде аз намоишномаҳояш дар китоби «Вохӯрӣ бо падар» (1975), «Намоишномаҳо» (1977) ва моҳномаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд. Барои радио повести Садриддин Айнӣ «Ятим»-ро инсенировка кардааст. Асарҳои алоҳидаи Ю.Бондарев, И.Вазов, О.Вайлд ва И.Қосумовро ба тоҷикӣ гардондааст.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 45 ISBN 978-99947-2-379-9