Абдусалом Раҳимзода

навозанда ва оҳангсоз

Абдусалом Раҳимзода (зод. 14 июн 1944, Қозиён, ноҳияи Балҷувон) — навозанда, оҳангсоз, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2014)[1].

Абдусалом Раҳимзода
Таърихи таваллуд 14 июн 1944(1944-06-14) (80 сол)
Зодгоҳ
Пеша(ҳо) навозанда, оҳангсоз, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро (1982) ғоибона хатм кардааст. Аз соли 1961 дар Театри халқии ноҳияи Москва заҳмат кашида, дар бисёр намоишномаҳои якпардагию бисёрпардагӣ («Шартҳои никоҳ», «Порчае аз ҳаёт», «Ташвиши рӯзгор», «Арвоҳ», «Даъват» ва ғайра) нақшҳои асосӣ бозидааст, вале бештар ҳамчун оҳангсоз мартаба ёфтааст. Тӯли фаъолият беш аз дусад оҳанг офаридааст, дар ҳавои навоҳояш Одина Ҳошим, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Озодамо Мӯҳтарамова, Сурайё Қосимова, Адолат Комилова барин сарояндагони шинохташуда сурудҳо замзама кардаанд. «Ашки ситора», «Баҳорон буд», «Ба мо менигарӣ», «Биравем», «Бӯи гул», «Дили худпарасти мо», «Дӯст медорам туро», «Дар гузаргоҳи ёр», «Хуш омадӣ», «Нишона дорад», «Дигар во нашуд», «Нидои Хатлон», «Рози дил», "Орзуи ҷавонӣ, «Тоҷикистонам», «Сабзина», «Сайри ҷавонӣ» аз зумраи онҳоанд.

Ба Афғонистон, Эрон, Амо­ратҳои Араб, Туркия, Покистон, Русия, Лаҳистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.

Адабиёт

вироиш
  • Оҳангҳои Абдусалом, Д., 2006;
  • Суруду навоҳои дилнишин. Д., 2011.