Абдусамӣ Абдувоҳидов
Абдусамӣ Абдувоҳидов — энергетики хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.
Абдусамӣ Абдувоҳидов Набиевич | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1943 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ашт |
Таърихи даргузашт | 21 август 2012 |
Ҳолнома
вироишАбдусамӣ Абдувоҳидов 15-уми июни соли 1943 дар деҳаи Мулломири ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Падараш Набиев Абдувоҳид дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1943 ҳалок гардидааст. Абдувоҳидов Абдусамӣ то соли 1955 дар мактаби нопурраи деҳааш таҳсил намуда, баъдан соли 1962 мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ-и деҳаи Бободархони ҷамоати Понғозро хатм менамояд.Соли 1963 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, соли 1966 бо рутбаи лейтенанти калон ба зодгоҳаш бармегардад. Фаъолияти кориашро ба сифати колхозчии колхози ба номи Карл Маркс соли 1955 оғоз намудааст. Абдувоҳидов Абдусамӣ соли 1967 курси шашмоҳаи сохтмончиёни Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Ленинободро хатм намуд. Баъд дар идораи таъмиру сохтмони Вазорати сохтмони ҶШС Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт (солҳои 1967-1968), энергетики совхози ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов (солҳои 1968-1970), энергетики идораи сохтмону монтажи Трести сохтмону электриконии деҳоти Вазорати электриконии ИҶШС воқеъ дар вилояти Ленинобод (соли 1971) ва дар Идораи барқи ноҳияи Ашт ҳамчун электрик, назоратчӣ, усто, диспетчер ва дигар вазифаҳо фаёолияти кориашро давом додааст. Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш ихтисосашро дар курсҳои кӯтоҳмуддат пайваста такмил медод. Вай мутахассиси варзида, коргари ҳалолкору ҷамоатчии фаъол ва соҳиби обрӯву эътибори хосе дар байни аҳолии ноҳия ва ҳамкасбону ҳамкоронаш буд. Хизматҳои шоёни ӯ бо медали «20-солагии ғалаба дар ҶБВ», нишонҳои «Зарбдори меҳнати коммунистӣ», «Зарбдори панҷсолаи даҳум», «Зарбдори панҷсолаи ёздаҳум», «Ғолиби мусобиқаи сосиалистӣ дар соли 1978», дипломи Саридораи Барқи Комитети республикавии коркунони барқи Тоҷикистон, якчанд грамотаҳои фахрӣ, инчунин унвони Энергетики хизматнишондодаи Тоҷикистон аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шудааст. Абдувоҳидов Абдусамӣ соли 2012 аз сабаби беморӣ ин дунёро падруд гуфт.
Сарчашма
вироиш- Сомонаи «Паёми кӯҳсор»
- * Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.