Абдуфаттоҳ Шарифзода
Абдуфаттоҳ Шарифзода (Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб; зод. 26 май 1959, Сангистон, вилояти Суғд) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АМИТ. Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003—2024). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).
Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб | |
Таърихи таваллуд | 26 май 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, сиёсатшиносӣ, китобхонашиносӣ |
Ҷойҳои кор |
Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003—2024) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011) |
Зиндагинома
вироишАбдуфаттоҳ Шарифзода 26 майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихдон хатм кардааст. Соли 1976 мактаб-интернати шаҳри Душанбе, соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Оиладор соҳиби ду писар ва як духтар мебошад.[1]
Корнома
вироишДар вазифаҳои муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби миёнаи № 19 ноҳияи Айнӣ, муҳаррири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ, инструктор, муовини мудир, мудири шуъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, мудири шуъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон, мушовир — сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯстоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.
Солҳои 2000-2003-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардидааст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода аз 15 декабри 2003 то 29 январи 2024[2] Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи 12 асари илмӣ, беш аз 50 асари илмӣ-оммавӣ, 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба проблемаҳои маориф, мактаби олӣ, парламентаризм, таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Асарҳои «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии тайёр намудани мутахассисон дар системаи таҳсилоти олии Тоҷикистон», «Таърихи мактаби олии Тоҷикистон», «Муассисаҳои олии таълимӣ дар Тоҷикистон», «Алоқаҳои байналмилалии муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон», «Тоҷикистон-20», «Тоҷики оламшумул», (бо чор забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ) «Наҷотбахши миллат» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва «Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ», (бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ), Брюссел: Big Media Group, 2012, «Фархундапай», «Маорифпарвар», «Пайвандгар», «Бунёдкор», «Президент» (Саҳми Президенти мамлакат дар пойдорсозии ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли миллӣ) «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» ва ғайраҳо аз ҷумлаи таълифоташ мебошад.[3]
Абдуфаттоҳ Шарифзода яке аз муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 1993) ва муаллифи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002) ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ» (соли 2003) мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишБо Медали ҷашнии «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002), унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2011) ва Медали ҷашнии«30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021) қадр шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ↑ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (29 Январ 2024). 29 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон/Шарфзода А.