Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — идораи мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки доир ба тарғибу ташвиқи фармон, амр ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад[1].

Самтҳои асосӣ вироиш

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташвиқи фармон, амр ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад.

Хадамот иҷрои вазифаҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хадамоти матбуотии онҳо ва ҳамчунин бо воситаҳои ахбори умум ба роҳ мемонад.

Вазифаҳо вироиш

— ташкили кор оид ба шарҳу эзоҳ ва инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои қабулнамудаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

— иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба инъикоси масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар матбуот;

— баргузор намудани конференсияҳои матбуотӣ, брифингҳо, таҳия ва паҳн намудани фишурдаи матбуотӣ ва ахбори иттилоотӣ;

— таъмини сабти телевизионӣ ва таҳияи маводи видео дар бораи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ва сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои дигар;

— ташкили фаъолияти якҷоя бо намояндагони аккредитатсияшудаи матбуоти кишварҳои хориҷӣ;

— ҳамкорӣ бо хадамоти матбуотии мақомоти дигари давлатӣ доир ба масъалаҳои инъикоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат.

Роҳбарон вироиш

Котиби матбуотӣ — роҳбари

хадамоти матбуоти Президент

Солҳои

фаъолият

Сайидзода Зафар Шералӣ 15 ноябри 1995 — 15 декабри 2003
Шарифзода Абдуфаттоҳ 15 декабри 2003 то 29 январи 2024
Заробиддин Қосимӣ 29 январи 2024 то ин ҷониб

Сайт ва саҳифаҳо вироиш

Сайт www.president.tj
Шабакаҳои иҷтимоӣ Facebook | Instagram | Twitter | Telegram
Аксу наворҳо Youtube | Flickr
  1. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон. 12 феврали 2024 санҷида шуд.