Абдуқодир Маниёзов
Абдуқодир Маниёзов — номзади илми филология (1960). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1981). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964).[1]
Таърихи таваллуд | 1930 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 2 май 2008 |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишАбдуқодир Маниёзов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1953), ихтисос – «филология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, забоншиносӣ. Муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Бойгонӣ шудааст 7 марти 2016 сол. АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1969), муовини муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (1969-1972), директор (1972-2000), директори фахрии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Бойгонӣ шудааст 7 марти 2016 сол. Академияи илмҳои ҶТ (2000-2008). Раиси Кумитаи иҷроияи анҷумани «Пайванд», муовини аввали раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (2000-2008). Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон (1996). Ӯ 2 майи соли 2008 дар синнӣ 78 солагӣ ҳастиро падруд гуфт.
Осор
вироишАбдулқодир Маниёзов нафақат адабиётшинос, инчунин олими забоншинос буд. Ӯ дар тадвину таҳияи китобҳои зерномнависшуда саҳми хешро гузоштааст:
- Публитсистика ва назми Садриддин Айнӣ. (1958),
- Шеърҳои инқилобии Айнӣ. (1957),
- Нахустин шеъри Айнӣ. (1960),
- Даҳаи адабиёти рус. (1960),
- Ташаккули шеъри Айнӣ. (1963),
- Нашъу намои адабӣ ва санъати тоҷик. (1964),
- Адабиётшиносии тоҷик. (1974),
- Таҳавуллоти шакли бадеӣ дар эҷодиёти Лоҳутӣ. (1974),
- Назаре ба пайвандҳои адабии халқи тоҷик ва афғон. (1975),
- Таърихи адабиёти советии тоҷик. (1980),
- Ҷашнномаи Айнӣ. (1983),
- Луғати русӣ-тоҷикӣ. (1985),
- Луғати имло. (1993),
- Ҳаким Носири Хусрав. (2003),
- Тарҷумаи китоби "Тоҷикон", асари Бобоҷон Ғафуров,
- «Грамматикаи забони адабии тоҷик»,
- «Энсиклопедияи советии тоҷик»
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо ордени «Шараф»,
- медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- «Ветерани меҳнат»,
- Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Пайвандҳо
вироиш- Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик Бойгонӣ шудааст 7 июли 2017 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |