Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ
Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ (ар. أبو عيسى الترمذي; 824, Тирмиз — 892, Шеробод) — яке аз 6 муҳаддиси муътабари суннӣ. Муаллифи як қатор китобҳо дар ҷанбаҳои мухталифи дини Ислом.
Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ | |
---|---|
араб. ар. الترمذی, محمد بن عيسى | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, ҳуқуқдон, имом |
Таърихи таваллуд: | 825[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 892[2][3] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Самти фаъолият: | илми ҳадис |
Ҷойи кор: | Тирмиз |
Устодон: | Муҳаммад Бухорӣ, Muslim ibn al-Ḥajjāj[d], Абу Довуди Сиҷистонӣ[d] ва Al-Darimi[d] |
Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Номи комил: Муҳйиуддин Бузург Абуисо Муҳаммад ибни Мусо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳоки Зарифии Тирмизӣ.
Соли 824 дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри Тирмиз ба дунё омадааст. Аслаш форс мебошад. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди Имом Бухорӣ (810–870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни Хилофати Араб сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф ва машҳур аст.
Сунани ТирмизӣВироиш
Маҷмӯаи ҳадисҳои ҳамноми асари имом Бухорӣ «ал-Ҷомеъу-с-саҳиҳ» («Сунани Тирмизӣ ») таълиф намуда, дар он кори оғозкардаи Имом Бухорӣ – таснифи ҳадисҳоро аз рӯи қоидаи «мусаннаф», яъне мувофиқи мавзӯъ, ба анҷом расонд.
Имом Тирмизӣ инчунин китобҳои «ал-Илал», «Таърих», «аш-Шамоилу-н-набавийя», «Зуҳд» ва ғайра навиштааст.
БузургдоштВироиш
Собиқ Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ гузошта шуда буд.
ЭзоҳВироиш
- ↑ https://portal.dnb.de/opac.htm?method=simpleSearch&cqlMode=true&query=nid%3D118997599
- ↑ AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ https://datos.bne.es/resource/XX5453903 (исп.): El portal de datos bibliográficos de la Biblioteca Nacional de España — 2011.
АдабиётВироиш
- Али-заде, А. А. Тирмизи Мухаммад : [арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.
ПайвандҳоВироиш
- Имам Ат-Тирмизи и его собрание хадисов // MuslimPress.Ru
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.