Абулаббоси Найрезӣ
Абулаббос Фазл ибни Ҳотими Найрезӣ (ар. أبو العباس الفضل بن حاتم النيريزي; ? — тақр. 922, Найрез, Шероз) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик, узви Дорулҳикама, муаллифи «Зиҷҷу-л-кабир», «Зиҷҷ-ус-сағир», «Самту-л-қибла» ва «Китоби тафсир».
форсӣ: ابوالعباس فضل بن حاتم نیریزی | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 865[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 922[3][4][2] |
Маҳалли даргузашт |
|
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор |
Зиндагинома
вироишДар Бағдод, дар дарбори халифаи аббосӣ Муътазид (ҳукмронӣ 822 — 903) кор ва эҷод кардааст. Соҳиби таълифоти бисёрест, амсоли «Зиҷу-л-кабир», «Самту-л-қибла», «Китоби тафсир», «Китобу-л-арбааи Батлимус» ва ғайра Китоби «Эҳдосу-л-ҷав»-ро ба номи халифа Мӯътазид таълиф кардааст. Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист» менависад: «Найрезӣ дар илми нуҷум ва ҳайат ангуштнамо буд». Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» ва «Осору-л-боқия» ба асарҳои илмии ӯ баҳои баланд додааст. Абулаббоси Найрезӣ доир ба устурлоб ва ҳаракати сайёраҳо рисола таълиф намуда, ба «Ибтидо»-и Уқлидус (Евклид) ва асарҳои Батлимус (Птолемей) шарҳ навиштааст, ки онро Герардои Кремонӣ (1114—1187) ба лотинӣ тарҷума кардааст. Як нусхаи ин тарҷума дар китобхонаи Лейпсиг маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Муъин М. فرهنگ فارسی معین — Amir Kabir Publishers, 1972.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/56442 (ингл.)
Адабиёт
вироиш- Абулаббоси Найрезӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.