Абулқосим Лоҳутӣ

(Тағйири масир аз Абулкосим Лохути)

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ (маъруф ба Абулқосим Лоҳутӣ, форсӣ: ابوالقاسم لاهوتی‎; 12 октябр 1887, Кирмоншоҳ, Эрон — 16 марти 1957, Маскав) — шоири инқилобии эронӣ аст, ки пас аз муҳоҷират ба Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз шоирон ва фаъолони сиёсии Тоҷикистон шуд.

Абулқосим Лоҳутӣ
форсӣ: ابوالقاسم لاهوتی
Тахаллусҳо: Abolqasem Lahouti
Таърихи таваллуд: 12 октябр 1887(1887-10-12) ё 1887
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 16 март 1957(1957-03-16)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: аз 1907
Жанр: байт
Забони осор: форсӣ
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени «Нишони Фахрӣ»
Қаҳрамони Тоҷикистон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Ӯ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони назми форсу тоҷик, аз оилаи косиб. Саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсолӣ меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид.

Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шуҳрат ёфтааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст. Ба ин васила майлу рағбати шеъру шоирӣ беш аз пеш дар қалби кӯчаки ӯ маскан меёфтааст. Баъдтар созмони маҳаллии ҷамъиятии «Одамийят», ки барои бештар ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони қобилу умедбахш ҷаҳд мекардааст, аз истеъдоди ин ҷавони ҳафдаҳсола пай бурда, бо харҷи худ ӯро барои таҳсил ба Теҳрон фиристодааст.

Вале мактабхонӣ дер давом накарда, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст.

Роҳбари ҳаракати озодихоҳӣ

вироиш
 

Аз ҷумла, дар шаҳри Гелони вилояти Рашт ба шӯриши мусаллаҳи зидди подшоҳ ҳамроҳ шуда, дар роҳи ғалабаи он фидокорона хидмат кардааст ва ба гирифтани нишони Сатторхон, ки яке аз роҳбарони ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон буд, мушарраф гардидааст. Пас аз шикасти балвои солҳои 1905—1911 қувваҳои иртиҷоъӣ ба таъқиби инқилобиюн шурӯъ намудаанд ва Лоҳутӣ, ки ба қатл маҳкум шуда буд, ба Бағдод муҳоҷират карда, то апрели соли 1915 дар он ҷо рахти иқомат густардааст.

Боз ба ватан баргашта, рӯзномаи «Бесутун»-ро таъсис додааст ва дигарбора дар ҷунбишҳои озодихоҳонаи синфӣ ва муборизаҳои инқилобӣ ширкат варзида, мафкураву ҷаҳонбинии ӯ вусъати бештар ёфтаанд. Дар аввалҳои соли 1917 нахустин бор бо болшевикони рус, ки дар сафи қӯшунҳои ишғолӣ хидмат мекарданд, ошно шуда, ба воситаи онҳо доир ба воқеаҳои инқилобии Русия муфассал иттилоъ ёфтааст.

Моҳи декабри соли 1917, вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ аскарони русро аз Эрон баровардаву империалистони инглис кишварашро тасарруф намуданд, Лоҳутӣ дубора тарки ватан гуфта, ба Истамбул рафтаву муддате дар макотиби форсӣ муаллимӣ кардааст ва силсилае ғазалиёти беназир офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Лаъолӣ», «Эроннома», «Наврӯзнома» ва ғ. ба табъ расидаанд. Дар муҳоҷират хеле сахтиҳоро ба сар бурда, ҳамроҳи ҳамсангарони содиқаш «Ҷамъияти ҷавонони Эрон» ва маҷаллаи «Порс»-ро таъсис додааст ва, ниҳоят, дучори таъқиби шадиде гардидааст.

Охири соли 1921 ба Озарбойҷон омадааст ва, дере нагузашта, дувумин шӯриши Табрезро, ки бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст, сардорӣ кардааст.

Пас аз фурӯ нишонда шудани шӯриш, моҳи феврали соли 1922, ба Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта, ба давраи нави ҳаёти худ оғоз бахшидааст.

Муддате дар Тифлису Бокуву Нахҷувон кору зиндагӣ карда, ибтидои соли 1923 ба Маскав омадааст ва дар «Нашриёти халқҳои ИҶШС» ба кор пардохтааст. Аз соли 1924 узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ — ВКП(б) буд.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар муборизаи зидди душманони ҳаёти нав ва сохтмони сотсиалистӣ фаъолона ширкат варзидааст. Муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шӯрои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст. Бо ароба аз Тирмиз мошини чоп овардааст.

Соли 1931 хабарнигори «Правда» таъйин шуда, соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он будааст. Дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) дар бораи адабиёти нави тоҷик маърӯза хондааст. Баъдан, соле чанд, Котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР будааст. Соли 1935 дар ҳайъати адибону арбобони маданияти шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият, ки дар Порис барпо гардида буд, иштирок ва суханронӣ кардааст. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 16 марти соли 1957 дар шаҳри Маскав вафот кардааст. Дар Қабристони Новодевичйе, Маскав мадфун аст.

Эҷодиёт

вироиш

Ба шеъргӯйӣ аз дувоздаҳсолагӣ сар карда, дар равияи падараш ғазалҳои тасаввуфӣ гуфтааст. Соли 1907 аввалин шеъри ӯ — қасидаи «Ҳуббулватан» дар моҳномаи «Ҳаблулматин» (Калкутта) чоп шудааст.

Пас аз ин шеърҳои ватандӯстона ва инқилобии ӯ дар байни мардум иштиҳор ёфтаанд. Ҷараёни тундутези воқеаҳои инқилобии солҳои 1905—1911 дар тафаккур ва тасаввуроти Абулқосим Лоҳутӣ тағйироти муҳим ворид оварда, дар мазмуну муҳтавои ғоявии шеърҳои ӯ нақши вофир гузоштаанд. Чунин таҳаввулотро дар шеърҳое, ки танҳо дар давоми соли 1909 ба қалам овардааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар шеъри «Фарёди миллат», ки мазмуну пафоси баланди ватандӯстона дорад, Эронро миллати воҳиду ягона ҳисобидааст; дар шеъри «Ай ранҷбар», дар баробари нишон додани зиддиятҳои дохилии мамлакат, муборизаи порлумониро воситаи асосии муҳофизати ҳуқуқи мардум шумурдааст. Аммо дар ғазали «Ё ҳар ду» наҷоти халқро дар муборизаи мусаллаҳонаи он дида, дар шеъри «Маънии одам» (1910) талқин кардааст, ки танҳо ранҷбару меҳнаткаш сазовори номи баланди одаманд. Шеърҳое, ки дар солҳои қувват гирифтани нирӯҳои иртиҷоъӣ дар Эрон ва муҳоҷирати шоир навишта шудаанд, ҳам ошкоро («Шарқ»)-ву ҳам рамзу кинояпеч («Шамъу Парвона»), мардумро ба ҳуррияту инқилоб ва муборизаи зидди мустамликадорон даъват кардааст. Дар баъзе шеърҳои онвақтаи ӯ, аз қабили «Бозгашт ба ватан» (1915), дар баробари хеле барҷаста ифода ёфтани ғояҳои ватандӯстӣ, оҳанги маъюсӣ ва афтодарӯҳии шоир эҳсос мешавад. Аммо, дар натиҷаи дубора сар бардоштани қувваҳои инқилобӣ ва хусусан, бо таъсири воқеаҳои инқилобии Русия, марому идеалҳои шоир дар роҳи озодии синфи ранҷбару деҳқон торафт равшантар мегарданд, ки дар шеърҳои «Яке Руму яке Эрон парастад» (1916), «Бо ин ки дар шариъати хубон ҳиҷоб нест» ва «Қасри Доро» (1917) то андозае инъикос ёфтаанд. Дар шеърҳои «Дос ар кашад…» ва «Деҳқон хуроку фаъла ҷаҳонро бино кунад» (1920) ва «Гар нест ду дасти номвар маро» (1921) мардуми муборизро ба ваҳдату низом даъват намуда, иттифоқи коргару деҳқонро шарти асосии аз панҷаи зулму асорат раҳойӣ ёфтани оммаи заҳматкаш донистааст. Хулоса, вақте ки Лоҳутӣ ба мамлакати сотсиалистӣ қадам гузошта, эҷодиёти худро бо «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (феврали 1922) ба ҳаёту адабиёти шӯравӣ алоқаманд намуд, аллакай соҳиби афкори муайяни иҷтимоӣ ва устоди каломи бадеъ будааст.

Таҷрибаи зиёди зиндагӣ ва истеъдоди адабию андешамандӣ имконияташ додаанд, ки баъзе маҳдудиятҳои ғоявӣ ва эҷодии худро муттасил бартараф карда, эҷодиёташро мутобиқи шароити наву воқеиятҳои ҷамоати сотсиалистӣ пеш барад ва яке аз пешқадамтарин шоирони шӯравӣ гардад.

Шеърҳои «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (1922), «Инқилоби Сурх» (1923) ва қасидаи «Кремл» (1923) ҳанӯз то ба Тоҷикистон омадани Лоҳутӣ дар байни хонандагони тоҷик иштиҳор ёфта, мухлисони бисёре пайдо кардаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои дар Душанбе чопшудаи устод Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» (1926) будааст. Пас аз он дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон шеъру сурудҳои бисёре навиштааст, ки аҳаммийяти калони таблиғотӣ дошта, ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз лиҳози мазмун тоза ва намунаи ибрати ҳамагон будаанд. Беҳуда нест, ки солҳои сиюми садаи бист ӯ дар байни мардуми тоҷик шуҳрати беназире пайдо карда, бо унвони ифтихории «Падар» вирди забонҳо гардидааст. Устод Айнӣ дар шахси ӯ бузургтарин шоир ва дӯсти ҳамсафару ҳамақида пайдо карда, ҳар ду паҳлӯ ба паҳлӯ истода адабиёти навини моро барпо карданд ва ӯ барҳақ асосгузори шеъри инқилобии тоҷикӣ шинохта шудааст. Маҳз ӯ буд, ки Устод Айниро аз чанголи марг тавасути муроҷиат ба Сталин раҳо карда тавонист. Бо ин ҳама, устод Лоҳутӣ яке аз қаҳрамонони миллии мо ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои сиюм устод Лоҳутӣ муҳимтарин асарҳояшро, аз қабили достонҳои «Мо зафар хоҳем кард» (1930), «Зӯри СССР» (1932), «Сафари Фарангистон» (1935), «Ду нишон» (1936) ва ғ., ба майдон овардааст. Азбаски дар офаридани шеърҳои тамсилӣ таҷрибаи кофӣ пайдо карда буд, монанди «Се қатра», «Одами оҳанпо», «Шамшери фотеҳ», «Кӯҳ ва Оина», «Ба Ҳофизи нобино» ва «Посбони Ватан» чанд манзума офарида, дар ин қолаб ҳам имконпазир будани тасвири воқеъияти зиндагиро дигарбора нишон додааст.

Тараннуми муваффақиятҳои пайдарҳами мамлакати сотсиалистӣ («Фатҳи Донбасс», «Хабар»), ситоиши дӯстии халқҳо ва интернатсионализми пролетарӣ («Ҷашни понздаҳсолагӣ», «Ба Ӯзбекистон», «Ҷавоб ба васиятномаи Шевченко», «Ҳадя ба халқи муборизи Испониё») аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти ӯ дар ин давра ба шумор мераванд. Таронаҳои «Пули Вахш», «Таронаи партизанӣ» (1935) ва амсоли ин вирди забони ҷавонон гардида, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба номи «шарқӣ» суруда мешуданд. Ба муносибати якумин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) либреттои операи «Коваи оҳангар»-ро навиштааст, ки хеле машҳур гашта буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тавассути ашъори ноби зиддиҷангияш худ халқи шӯравиро ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ даъват намуда («Ай халқи золимкуш, қиём!», «Дарандагонро бизанем!», «Мӯру Офтоб», «Хонаи Тарас озод хоҳад шуд!»), ба пирӯзии мардуми шӯравӣ бовари қатъӣ доштааст.

Он солҳо байти «Ҷангҳои болшевикӣ мо дар ин майдон кунем, Даст агар аз тан бияфтад, ҷанг бо дандон кунем!» вирди забонҳо будааст. Ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳои шӯравӣ ғояи асосии эҷодиёти ӯ гардида, достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня», манзумаҳои тамсилии «Паҳлавон Оштӣ» ва «Ҳамсафарон» аз беҳтарин асарҳои даврони ҷанги адабиёти тоҷику шӯравӣ ба ҳисоб мераванд. Он солҳо бо овози баланд мегуфт:

 

«Ай меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам,

Дастонсаро ба васфи ту бо сад забон манам….».
Абулқосим Лоҳутӣ
 


Дар давраи пас аз ҷанг ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми комёбиҳои Ватан ва тарғиби сулҳу амният дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён ишғол кардаанд, ки «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем», «Сухани мардумони одӣ», «Митинги сулҳхоҳон» ва ғ. беҳтарин намунаи чунин ашъоранд.

Яке аз калонтарин асарҳои шоир достони «Парии Бахт» аст, ки дар сабки достонҳои афсонавии рамзӣ-тамсилии халқӣ нигориш ёфта, ба воситаи образу ифодаҳои рамзиву тамсилӣ муборизаи халқи русу мардумони дигари Иттиҳоди Шӯравиро дар роҳи ба даст овардани бахту саодат ва озодию ҳуррият тасвир намудааст. Силсилаи дигари шеърҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ ба тасвири воқеаҳои байналхалқӣ («Фестивали ҷавонони демократи ҷаҳон дар Берлин», «Ба халқи Куба»), ба Эрон ва муборизони роҳи озодии он («Зиндагӣ пирӯз мешавад», «Ба халқи зодгоҳам», «Ба дафъи қувваи бегона бархез!») бахшида шудаанд.

Дар шеъри «Ҷавоб ба иғвогарон» (1954) унсурҳои иртиҷоъиеро, ки аз номаш китоби ҷаълие чоп карда, барои таблиғоти зиддишӯравӣ истифода бурданӣ шудаанд, бо қаҳру ғазаб фошу маҳкум намудааст. Дар шеъри «Орзу» (1954) самимитарин омолу умедҳои шоири инсонпарвар оид ба хушбахтии тамоми мардумони ҷаҳон ифода ёфтааст. Устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз мутарҷимони моҳири адабиёти русу дигар халқҳо буда, бисёр асарҳои А. С. Пушкин ва намунаҳои осори Т. Г. Шевченко, М. Горкий, В. Маяковский, В. Лебедев-Кумач, Л. Ошанин, Е. Далмаатовский ва суруди «Интернационал»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Инчунин, тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), Лопе де Вега («Чашмаи гӯсфандон») ва А. С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл») ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Асарҳои алоҳидаи худи шоир аз солҳои сиюм ба забони бисёр халқҳои дигари оламу шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Осори устод Лоҳутӣ дар авроқи «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957), «Гавҳари ишқ» (1958), «Шӯъла ва Шамшер» (1974), «Офтоби Сурх» (бо ҳуруфи форсӣ; Маскав, 1987), «» (1987) ва «Куллиёт» (1960—1963)-и шашҷилда фароҳам омадаву ба дасти чоп расидаанд. Имрӯзҳо нашри муҷаддаду мукаммали «Куллиёт»-и адибро дар ҳашт муҷаллад нақшабандӣ кардаанд, ки 2 ҷилди аввали он (2011, 2014) аз чоп баромад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Орденҳои Ленин,
  • «Нишони фахрӣ»,
  • «Байрақи сурхи меҳнат» (1931)

Некдошт

вироиш

Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон, бисёр деҳаву мактабу муассисаву кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номи некашро зинда медоранд. Ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистони мамлакат номи ӯро дорад. Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи умум аст.

Донистаниҳо

вироиш
  • Устод Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ вирди забони ҳамагон буда, дар замонаш яке аз беҳтарин таронаҳои миллии ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳисоб мерафтааст.
  • Устод Лоҳутӣ, бешубҳа, рамзи ваҳдати адабию фарҳангии мардуми форсизабони ҷаҳон, махсусан Тоҷикистону Эрон, мебошад. Соли 1987, мутобиқи Қарори вижаи ЮНЕСКО, тамоми мардуми мутамаддини олам 100-умин солгарди зодрӯзи марди муборизи ҷабҳаи озодӣ ва тараннумгари сулҳу саъодати башарро ба таври мутантан таҷлил намуданд.
  • Лоҳутӣ барои омода ва сафарбар намудани адибони ҶШС Тоҷикистон ба анҷумани якуми нависандагони ИҶШС хидмати шоистае намудааст[1].
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 13 — 16 ISBN 978-99947-2-379-9

Пайвандҳо

вироиш