Заҳируддини Байҳақӣ
Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Абилқосим Зайди Байҳақӣ (форсӣ: ظهیرالدین ابوالحسن علی بن ابی القاسم زید بیهقی) машҳур ба Ибни Фундуқ (ар. ابن فندق) ва Фариди Хуросон (1097, Сабзавор, музофоти Байҳақ — 1170, ҳамон ҷо) — таърихнигор, адиб, мунаҷҷим, риёзидон, табиб ва шоири форс-тоҷик, муаллифи асари Таърихи Байҳақ (1168).
Заҳируддини Байҳақӣ | |
---|---|
араб. ظهیرالدین ابوالحسن علی بن زید بیهقی | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | нависанда, фақеҳ, қозӣ, риёзидон, genealogist, шоир |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 31 июл 1097[1] ё 1106[2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1169 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Миллат: | араб[1] |
Эътиқод: | ислом[1] ва суннӣ[1] |
Фаъолияти илмӣ |
|
Самти фаъолият: | Arabic literature[d] ва фиқҳ |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишБо лақабҳои Усӣ, Ансорӣ ва Хазимӣ низ ёд мешавад. Аз оилаи ҳакимони машҳури Фундуқ ибни Айюб. Падараш Зайд ибни Муҳаммад марди фозиле буда, солиёни зиёд дар Бухоро ва баъдан дар Бағдод сукунат варзидааст. Дар ин муддат илмҳои гуногуни замонаашро омӯхт. Модараш низ зани босавод буда, Қуръони шарифро аз ёд медонистааст ва тафсирашро низ комилан омӯхта будааст. Дар Нишопур, Марв, Рай таҳсил намудааст. Хонадони онҳо бо муваррих Табарӣ қаробат дошт. Устодони нахустини ӯ падараш Зайд ибни Муҳаммад, сипас Ҳасан ибни Яъқуб ибни Аҳмади Нишопурӣ буданд. Умар ибни Саҳлони Совӣ, Абдурраззоқи Туркӣ, Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Исмоил ибни Ҳасани Ҷурҷонӣ низ аз ҷумлаи омӯзгорони ӯ мебошанд. Ба дидори Умари Хайём мушарраф гашта, ӯро низ устоди худ донистааст. Дар аксарияти масҷидҳои шаҳри Нишопур мударрисӣ кардааст ва марди хеле бофазлу соҳибэҳтироме будааст.
Соли 1148 ӯро Султон Санҷар ба дарбор даъват намуд.
Осори боқимонда
вироишМутобиқи маъхазҳо Байҳақӣ 74-76 асар дар таърих, фиқҳ, калом, фалсафа, риёзиёт ва нуҷум ба забонҳои форсӣ ва арабӣ эҷод кардааст, ки аз онҳо танҳо 7 асар боқӣ мондааст. Ёқути Ҳамавӣ, мутобиқи асари маъруфи Байҳақӣ «Машориб-ут-таҷориб» осори ӯро бештар аз 70 адад номбар кардааст, ки маъмултарини онҳо «Таърихи Байҳақ», «Таттимат савону-л-ҳикма», «Лубобу-л-ансоб», «Ҷавомеъу-л-аҳком-ин-нуҷум», «Китобу-л-арӯз» «Китобу-л-атъимати-л-марзо» («Китоби хӯроки беморон»), «Китобу фи-л-ҳисоб» («Китоб дар боби ҳисоб») буда, ба шеър, тиб, наботот, риёзиёт бахшида шудаанд. «Машориб-ут-таҷориб ва ғароибу-л-ғароиб» давоми асари «Таърихи Яминӣ» буда, аз 4 ҷилд иборат аст ва рӯйдодҳои таърихи Эрони давраи Ғазнавиён, Салҷуқиён ва авв. давраи Хоразмшоҳиён (1019—1165)-ро дар бар гирифтааст. Инчунин маълумоти муфассале доир ба тарҷимаи ҳоли худи Байҳақӣ низ дар он мавҷуд аст. «Ҷавомеъу-л-аҳком-ин-нуҷум» аз се ҷилду 10 фасл иборат буда, ба забони форсӣ таълиф гардидааст. Байҳақӣ дар муқаддимаи китоб дар бораи шарҳи ҳоли худ маълумот оварда, аз осори гуногунаш ёдовар шудааст. Ҳамчунин ӯ зикр мекунад, ки ин китобро аз 257 манбаъ хулоса карда эҷод намудааст. Ин асар дар бораи Абурайҳони Берунӣ, ибни Фурқони Табарӣ, Кушёри Гелонӣ ва диг. мунаҷҷимони маъруфи пешина маълумоти арзишманде медиҳад. «Таърихи Байҳақ» давоми асари «Сивону-л-ҳикма» («Хазинаи ҳикмат»)-и Абусулаймони Сиҷистонӣ буда, соли 1163 ба забони арабӣ навишта шудааст ва воқеаҳои таърихии садаҳои 11 ва 12-ро дар бар мегирад. Асари дигари Байҳақӣ бо номи «Лубобу-л-ансоб» ба забони арабӣ (1162) таълиф шудааст. Соли 1989 дар Қум (Эрон) ба табъ расидааст. Асари дигари таърихии ӯ «Вашоҳу думяти-л-қаср» ё «Вашаҳа думят» давоми «Думяту-л-қаср»-ри Бохарзист. Китоби «Маориҷу наҳҷу-л-балоға» ба забони арабӣ (1157) таълиф шудааст ва бо хоҳиши Абулқосим Алӣ Ҳавнақии Нишопурӣ Байҳақӣ ба шарҳи «Наҳҷ-ул -балоға» пардохтааст, ки шарҳи нахустини комили ин асар мебошад. Ин китоб соли 1982 дар Қум (Эрон) чоп шудааст. Ғайр аз ин Байҳақӣ дар илмҳои риёзӣ ва нуҷум асарҳои зеринро офаридааст: «Китобу фӣ ҳисоб», «Хулосат-уз-зиҷ» ва «Маърифату зот-ил ҳулақ ва-л-кура ва-л-устурлоб».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Матвиевская Г. П., Розенфельд Байҳақӣ А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII—XVII вв.);
- Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Х., 2007;
- دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج. ۱۳. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ق؛
- یاقوت حموی. معجم الادباء. القاهرة، ۱۹۸۰
Сарчашма
вироиш- Байҳақӣ Заҳируддин / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.