Абулҳасани Музнӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад (cоли таваллуд номаълум — вафот 986) — муставфӣ ва вазири дарбори амир Нӯҳ ибни Мансур.

Абулҳасани Музнӣ
Даргузашт 986(0986)

Зиндагинома

вироиш

Абулҳасани Музнӣ пас аз қатли Абулҳусайни Утбӣ дар соли 981 вазири Нӯҳ ибни Мансур таъйин гардид. Саъйи ӯ дар ҳифзи давлати сомониён натиҷаи дилхоҳ надод, чун иқтидор ва нуфузи сиёсӣ дар дасти сарварони сипоҳиён қарор дошт. Дар замони вазирии ӯ мушкили аслии давлати сомониён Абулҳасани Симҷур буд, ки ӯ дар пайи боз гирифтани ҳукумат ва сипаҳсолории Хуросон ба-д-он сӯ ҳаракат мекард. Дар ин ҳангом сипаҳсолор Абулаббоси Тош Абулҳасани Музниро аз вазорат барканор кард ва ҷои ӯро ба Абумуҳаммад Абдурраҳмон ибни Аҳмади Форсӣ (Порсӣ) дод. Абулҳасани Музнӣ бемор шуда фавтид. Абулҳасани Музнӣ фарде фозил, адиб, шоир ва пеш аз вазорат муставфии девон буд.

Адабиёт

вироиш