Абуссуъуд Афандӣ
Абусууди Курдӣ ибни Муҳаммади Инодӣ (1488—1575, Истанбул) — фаҳеқи ҳанафӣ, донишманд ва шоири эронитабор, шайхулисломи Давлати Усмонӣ (1545—1574).
усм. ابو السعود افندى مُحمَّد عمادى | |
Таърихи таваллуд | 30 декабр 1490 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 23 август 1574 (83 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМаълумоти ибтидоиро аз падараш дар Инодияи Курдистон гирифт. Сипас барои идомаи таҳсил ба Истанбул рафт. Соли 1539 ба мансаби қозии аскар ва соли 1547 ба мансаби шайхулисломӣ расид. Абусууди Курдӣ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ оид ба илми фиқҳ, тафсир, риёзиёту илоҳиёт ва адабиёт рисолаҳои илмӣ иншо кардааст.
Забони осор
вироишБа забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Асарҳояш дар Мисру Туркия ба табъ расидаанд. Яке аз кӯчаҳои Истанбул ба номи Абусууди Курдӣ гузошта шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абусууди Курдӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Деҳхудо, Луғатнома, ҷ. 1, Т., 1325 ҳ. ш.