Абуҷаъфари Утбӣ (ар. أبو جعفر العُتبي‎; ? — 974, Бухоро) — вазири амирони сомонӣ.

Абуҷаъфари Утбӣ
ар. أبو جعفر العُتبي
Вазири Сомониён
Даргузашт 974

Зиндагинома

вироиш

Номи комилаш Абуҷаъфар Аҳмад ибни Ҳусейни Утбӣ. Давраи вазирии Абуҷаъфари Утбӣ ба замони ошуфтагии сиёсии давлати Сомониён мувофиқ омадааст. Пас аз бархӯрди мусаллаҳонаи Нӯҳ ибни Мансур бо Абуалии Чағонӣ (947) гурӯҳи мардум кушта шуда, иддае аз онҳо боздошт гардиданд. Абуҷаъфари Утбӣ низ дар Нахшаб дастгир карда ба Бухоро оварда шуд, ҳабс гардид ва пас аз чанд вақт озод шуд. Соли 954 Абуҷаъфари Утбӣ ба дарбори Абдумалик ибни Нӯҳ қабул шуд, лекин пас аз як сол аз мақоми худ барканор гардид. Абуҷаъфари Утбӣ соли 972 бори дуюм вазир шуд. Таърихшинос Гардезӣ аз корҳои неки Абуҷаъфари Утбӣ дар Хуросон ёд кардааст. Иқдомоти муҳими Абуҷаъфари Утбӣ дар замони вазириаш рафъи душманӣ байни Сомониён ва Оли Бӯя мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Мухторов А., Амирон ва вазирони сомонӣ, Д., 1997;
  • Номаи Оли Сомон. Маҷмӯаи мақолот. Маҷмаи илмии тамаддун, таърих ва фарҳанги Сомониён, Теҳрон, 1377.