Сомониён

дудмони эронӣ
(Тағйири масир аз Амирон ва вазирони Сомонӣ)

Сомониён (форсӣ: سامانیان‎; 819—1004) — дудмоне аз амирон ва ҳукмронони эронии[1][2] суннимазҳаб, ки ҳудуди ду қарн бар бахшҳои бузурге аз Мовароуннаҳр бо таъйид ва муҳри хулафои Аббосӣ ҳукумат карданд. Маркази ин ҳукумат дар Хуросони Бузургу Фарорӯд буд ва дар бузургтарин густараи худ, бар тамоми Афғонистони кунунӣ ва бахшҳои бузурге аз кишварҳои имрӯзии Тоҷикистон, Эрон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон фармон ронд.

Сомониён
Таърихи таъсис 819
Бунёнгузор Сомонхудот
Забони расмӣ форсӣ ва арабӣ
Кишвар
Забони мавриди корбурд забонҳои эронии шарқӣ
Таърихи фурӯпошӣ 999
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Амирони сомонӣ

вироиш

Дар асари Сайфиддинҳоҷӣ «Осору-л-вузаро» барои амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:

Нуҳ тан буданд зи оли Сомон мазкур
Гашта ба иморати Хуросон машҳур.
Исмоилу Аҳмаду (саввум) Наср
Ду Нӯҳу ду Абдумалику ду Мансур.

Осору-л-вузаро

Дар ин байтҳо 9 амири Сомонӣ номбар шудаанд. Муаллиф номи Насри II — ро аз «рӯйхат» берун гузоштааст.[5]

Одамушуаро آدم الشعرا Рӯдакӣ нисбати бузургии хонадони Оли Сомон чунин байте навиштааст:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Рӯдакӣ

Нигаред низ

вироиш
  1. Sāmānid dynasty(англ.). Encyclopædia Britannica.
  2. IRANIAN IDENTITY iii. MEDIEVAL ISLAMIC PERIOD(англ.). Encyclopædia Iranica Online(пайванди дастнорас — таърих). 27 Январ 2020 санҷида шуд.
  3. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе: Оли Сомон,1997. — 76 с.
  4. Мусавии Буҷнӯрдӣ, Козим (1393 ҲҚ). Ризоии Боғбидӣ, Ҳасан; Ҷаъфарии Диҳақӣ, Маҳмуд; Саҷҷодӣ, Содиқ, виросторон. Таърихи Ҷомеъи Эрон. Теҳрон: Маркази Доират-ул-маъорифи Бузурги Исломӣ (Маркази Пажуҳишҳои Эронию Исломӣ). Ҷилди 6, Сафҳаи 479, ISBN 978-600-6326-36-8.
  5. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе: Оли Сомон,1997, с.3