Авантитул
Аванти́тул (аз фр. avant — пеш ва лот. titulus — навишта, унвон) — саҳифаи китоб, ки аз варақи унвон пеш меояд. Дар авантитул, одатан, як қисми маълумоти варақи унвон, аксаран номи нашриёт ё логотипи он, номгӯи силсила ё дигар маълумоти болои сарлавҳа дарҷ мешавад.
Китобҳое, ки тарҷума шудаанд дар авантитул варақи унвони забони аслро меоранд. Ҳамчунин метавон (frontispice) акси муаллиф, шахсеро ки китоб ба ӯ бахшидашудааст ва ё акс ё расмеро, ки муҳтавои китобро баён мекунад гузошт. Барои ороиши беҳтар ва гузоштани соядасти муаллиф дар шакли чоппӣ ва ё бо гузоштани чанд хат барои навиштан, аз саҳифаи аввали авантитул метавон истифода бурд. Саҳифаи аввали авантитул озод аст. муаллиф ва ё тарроҳи китоб ин саҳифаро метавонад самаранок истифода барад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Авантитул // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.