Сарлавҳа
Сарлавҳа — калима, таркиб, ибора ё ҷумлаест, ки дар аввали матн меояд ва мазмуни он дар тамоми матни ба вай алоқаманд кушода мешавад.[1]
Дар бештари маврид онро титр низ мегӯянд. Титр - аз калимаи фаронсавии titre - гирифта шуда, дар тоҷикӣ ба маънои унвон ва сарлавҳа омадааст. Навиштаҷоти муайянкунандаи мавзӯъ, ки дар театр, кино ва тамоми намуди Воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ истифода мешавад.
Дар театр
вироишТитр (сарлавҳа) аввалин маротиба дар театрҳои Италия пайдо шуда, баъдан дар тамоми аврупо паҳн мешавад. Он замон дар рақси балет, балетмейстерро мебоист ишораҳои махсусе барои рақосон кунад, то ки онҳо замони гузариш ба қисмати дигари сужетро донанд. Баъд аз пайдо гаштани лавҳаи электрикӣ онро фаъолона дар театрҳои мусиқӣ, барои тарҷумаи забони аслии саҳнаҳои опера ва ғайр аз ин дар ҳолатҳои махсус, барои гурӯҳи тамошобинони ҳисси шунавоиашон нисбатан кам истифода мебаранд.
Дар филм
вироишАввалин навиштаҷотҳо дар филм дар намуди сарлавҳаҳои асосӣ пайдо шудаанд. Аз соли 1905 сар карда, онро дар ҷойҳои лозимаи филм мегузоштанд. То ин вақт навиштаҷотҳоро дар шишаҳои махсус навишта, ба воситаи чароғ дар экрани иловагии назди экрани асосӣ нишон медоданд. Баъдтар дар филмҳои нав интертитры (лот. inter – “дар миёна”) сарлавҳаҳое, ки мувақаттан дар миёни саҳнаҳои одди гузошта мешуд, ба вуҷуд омад. Интертитр одатан барои пурра намудани сухани қаҳрамонҳо, аз тағйирёбии вақт ва макони ҳодиса хабар медоданд. Инчунин ҷиҳати баёни фикрҳои худи муаллиф низ истифода мешуд. Дар замони муосир дилхоҳ титр (сарлавҳа) - ро ба воситаи барномаҳои танзими мултимедиявӣ сохтан мумкин аст.
Дар телевизион
вироишТитр дар телевизион низ мавқеи бузург ва назаррас дошта, тамоми барномаҳои иттилоттию таҳлилӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва сиёсию тарғиботиро дар бар гирифтааст.
Адабиёт
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ. - Душанбе:Маориф,1993. - С.163