Мухтор Авезов

(Тағйири масир аз Авезов Мухтор)

Мухтор Умархонович Авезов (қаз.: Мұхтар Омарханұлы Әуезов; 28 сентябри 1897, Семипалатинск, Қазоқистон — 27 июни 1961, Маскав) — нависанда ва адабиётшиноси қазоқ, академики АИ Қазоқистон, Ходими хизматнишондодаи илми Қазоқистон (1957).

Мухтор Умарханович Авезов
Мұхтар Омарханұлы Әуезов
Таърихи таваллуд: 16 (28) сентябр 1897[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 июн 1961(1961-06-27)[2][1][3][…] (63 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда
Жанр: румон
Забони осор: қазоқӣ
Ҷоизаҳо:
Мукофоти ленинӣ — 1959 Мукофоти Сталин — 1949
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Мухтор Умархонович Авезов 28 сентябри 1897 дар ноҳияи Абайи вилояти Семипалатински Қазоқистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Ленинград (1928).

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Нахустин асари Авезов драмаи «Енлик-Кебек» (1917) мебошад. Аз солҳои 20 садаи XX Авезов ба эҷоди ҳикояҳову повестҳо ва драмаҳо шурӯъ карда, дар мавзӯъҳои рӯзи солҳои 20 — 40 асарҳои бисёре ба табъ расонд. Соли 1945 дар заминаи эпоси қадимаи қаҳрамонӣ драмаи «Қубландӣ»-ро эҷод намуд. Авезов дар романи «Роҳи Абай» ҳаёт ва эҷодиёти шоири маорифпарвари қазоқ Абай Қунанбоевро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, номи ӯро абадӣ гардонд. Дар асар мавзӯи шоир ва халқ, ки эҷодкори ҳақиқии маданияти миллист, вуқӯъгӯёна тасвир ёфтааст.

Китоби якуми асар — романи «Абай» (ҷилди 1 — 2, 1942 — 47; тарҷумаи тоҷикӣ 1955) соли 1949 ба Мукофоти давлатии СССР ва китоби дуюмаш — «Роҳи Абай» (ҷилди 1 — 2, 1952 — 56) соли 1959 ба Мукофоти ленинӣ (баландтарин мукофот дар ИҶШС) сазовор гардид.

Асари Авезов чун «қомуси нимасраи ҳаёти халқи қазоқ» ба забонҳои халқҳои ИҶШС ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. Авезов адабиётшиноси барҷаста, асосгузори абайшиносӣ, муаллифи асарҳои тадқиқӣ оид ба таърихи адабиёт ва фолклори халқҳои қазоқу қирғиз, равобити адабиётҳо буда, дар тадқиқ ва тарғиби адабиёти қазоқ ва адабиёти халқҳои ИҶШС хидмати арзандае кардааст. Авезов сармуҳаррири китоби якуми асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти қазоқ» буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Дар бораи эпоси халқи қирғиз — «Манас» монография таълиф намудааст. Ба қалами Авезов бобе аз китоби «Очеркҳои таърихи адабиёти қазоқ», ки дар он аз адабиёти халқҳои ИҶШС сухан меравад, тааллуқ дорад. Авезов ба адабиёти тоҷик таваҷҷуҳи хос дошт.

Дар мақолаҳои тадқиқотиаш дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ ва дигар адибони тоҷик фикрҳои муфид баён намуда, аз таъсири адабиёти тоҷик ва намояндагони он ба эҷодиёти шоиру нависандагони қазоқ сухан рондааст.

Авезов эҷодиёти Алишери Навоиро дар алоқамандӣ бо асарҳои Низомию Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизу Ҷомӣ таҳлил намуда, аз таъсири онҳо ба эҷодиёти Навоӣ сухан кардааст.

Дар мақолаи «Рушди адабиёти халқҳои ИҶШС» мақоми С. Айнӣ ва «Ёдоштҳо»-и ӯро арзёбӣ намуда, «таъсири пурсамари эҷодиёти С. Айниро ба адабиёти халқҳои Осиёи Миёна» таъкид кардааст.

Тарҷумонӣ

вироиш

Авезов мутарҷим низ буд. Тарҷумаи «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол, «Любов Яровая»-и К. А. Тренёв, «Оттело»-и У. Шекспир ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Мукофоти давлатии СССР
  • Мукофоти ленинӣ
  1. 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. Ауэзов Мухтар Омарханович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.

Сарчашма

вироиш