Авокодо — (Persiaamericana), дарахти мевадиҳандаи ҳамешасабзест аз оилаи ғориҳо. 3 гурӯҳи ҷуғрофии Авокодо мавҷуд аст: мексикоӣ, вест - индиявӣ ва гватемалӣ. Ҳар яки онҳо хусусиятҳои махсуси инкишоф доранд.

Авокодо
Persea americana
Общий вид взрослого дерева. Ҷазираи Мауи, Гавайи, ИМА
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Persea americana Mill., 1768
Мутародифот

Таърих

вироиш

Авокодо дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ тақрибан 8000 сол то мелод мерӯид. Олимон бар он ақидаанд, ки ҷангалҳои беканори Авокодо дар қаламрави штати ҳозираи Калифорния ҷой гирифта буданд. Меваи Авокодо хӯроки динозаврҳо маҳсуб мешуд. Авокодо миёнаи садаи XVII ба Ямайка оварда шуд. Дар садаи XVIII он ба дигар манотиқи тропикии Осиё паҳн гардид. Айни замон тақрибан 400 намуди он дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии ШМА, Бразилия, мамлакатҳои Африка, Исроил парвариш меёбад. Авокодо дарахти зудсабз ва сершоху барг буда, то 10 – 20 м қад мекашад. Баргаш байзашакл (дарозиаш 10 – 12 см); гулаш майдаи сабзранг, дуҷинса, дар бағали баргҳо ҷой гирифтааст. Мевааш донакдор, мурӯдмонанд ё курашакл (дарозиаш 5 – 10 см, вазнаш 250 – 600 г); пӯсти мевааш сахт, сабзи тира, баробари пухта расидан сиёҳранг мешавад; гӯшташ сабз ё зарди сабзтоб, равғанин. Дарахти Авокодо гармидӯст буда, дар замини намнок хуб нашъунамо меёбад. Ба камобиву сардӣ тобовар нест. Гарчанде гулаш худ гардолуд шавад ҳам, баъди аз шукуфаи диг. навъҳо гардолуд шудан ҳосили хуб меорад. Аз ҳар бех дарахти он 150 – 200 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. Аз тухм, қаламча ва пайванд афзоиш меёбад. Меваи Авокодо серғизо буда, то 30% равған дорад. Дар таркиби 100 г меваи Авокодо 1,6% –2,1% сафеда, 14,6 мг витамини К, 0,2 мг витамини В6, 5,77 мг% витамини С, 437,27 мг калий, 45,19 мг намакҳои кислотаи фолеат мавҷуданд. Меваи Авокодо ба хӯрокиҳои парҳезӣ мансуб аст. Инкишофи бемориҳои саратониро дар организми одам пешгирӣ мекунад; истеъмоли он барои ҷигар нофеъ мебошад. Дар таркиби барг ва донаки Авокодо моддаи заҳрноке мавҷуд аст, ки боиси пайдоиши бемориҳои узвҳои ҳозима ва аллергия мегардад. Меваи Авокодоро бештар дар таббохӣ истифода мебаранд. Равғани он давои хуби оростагӣ буда, пӯстро тозаю ботароват менамояд.

Адабиёт

вироиш

Жуковский П. М., Культурные растения и их сородичи. Систематика, география, циногенетика, иммунитет, экология, происхождения, использование, Л., 1971; Ботаника. Энциклопедия «Все растения мира» (тарҷума аз англисӣ), М., 2006.

Сарчашма

вироиш