Адабиёти дарборӣ
Адабиёти дарборӣ — осори адабӣ-бадеӣ, таърихӣ, ки дар муҳити дарбори подшоҳон, ҳокимон, амирон ва дигарон офарида шуда, манфиатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳукмрононро ифода мекард.
Таърихи пайдоиши адабиёти дарборӣ
вироишДар таърихи адабиёти форс-тоҷик ин падида аз замонҳои қадим пайдо шуда, роҳи тӯлониеро тай намуда, гоҳе рушду такомул ёфтааст, гоҳе ба сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба инқироз дучор гардидааст. Дар ҳар як дарбори сулолаҳои ҳокимони давр, аз Ҳахоманишиён (ҳукмронӣ 558 – 330) сар карда то ба ибтидои садаи XX, замони ҳукмронии Манғитиён дар Бухоро шоирону адибон, таърихнигороне дар дарбор фаъолият намудаанд, ки ҳукмронро васф мекарданд, таърихи давлатдории ӯ, сиёсати дохиливу хориҷиашро дар таърихномаҳо менигоштанд, лашкаркашиҳову футуҳоташро дар шакли осори бадеӣ, достонҳо, таърихномаҳо тасвир менамуданд. Аз осори бадеии (манзуму мансур) дар даврони бостон (пеш аз ислом) дар васфи шоҳон, ҳукмронони давр нигошташуда намунаҳо дастрас нагардидаанд. Аз даврони Ҳахоманишиён чун асари дар васфи ҳукмрони давр – Доро, таърихи ба тахт нишастан ва корномаи зиндагиаш Катибаи Бесутунро метавон ном бурд. Аз давраи ҳукмронии Сосониён (224 – 651) осори таърихиву динӣ аз қабили «Корномаи Ардашери Бобакон», «Оиннома», «Тоҷнома», «Худойнома», «Динкард» ва ғайра то замони мо расидаанд, ки бо фармоиши ҳукмронон, шоҳони он замон навишта шудаанд. Тадвини Авесто, ки дар замони Сосониён анҷом ёфт, як хидмате ба дарбор ва дини зардуштӣ (дар он замон дини давлатӣ буд) ба шумор меравад.
Қадимтарин намунаи асари Адабиёти дарборӣ дар адабиёти классикии форс-тоҷик (асрҳои миёна) қасидаи шоири садаи IX Муҳаммад Васиф аст, ки ба мадҳи лашкаркаш Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ бахшида буд. Авҷи рушди Адабиёти дарборӣ ба замони ҳукмронии Сомониён рост меояд. Адибони дарбор Абулаббоси Рабанҷанӣ, Маъруфи Балхӣ, Мунҷики Тирмизӣ ва дигарон бо сарварии Рӯдакӣғояи давлати миллии мутамаркази муқтадир, ҷудонопазирии кишвар, муҳофизати онро талқин намудаанд. Аксар қасидаҳои Рӯдакӣ дар мадҳу ситоиши подшоҳону амирон, шоҳзодагону вазирон ва дигарон гуфта шудаанд. Масалан, дар қасидаи «Модари май» Рӯдакӣ Абуҷаъфар Аҳмад ибни Аҳмад ном ҳукмронро чун ҳокими одили ботадбир, ҷавонмарди инсондӯст, ҷанговари далери чобуксавор ва сафшикану ватанпарвар тасвир намудааст. Дар асл, воқеият баъзе мамдӯҳон ин хусусиятҳоро доро набуданд, вале шоирону адибон дар симои онҳо ҳамин гуна ашхосро дидан мехостанд, яъне симои ормонии ҳукмронро меофариданд. Ин ҷиҳат аз хусусияти некназарии шоирону адибони доираи дарбор далолат мекунад. Вале ин равиши кор, равияи эҷодӣ дар давраҳои баъдина идома наёфтааст ва шоирон, нависандагон, таърихнависони дарбор аз рӯи гуфтаи Унсурулмаолии Кайковус, ки дар «Қобуснома» ба писараш фармуда буд:
«Сазои ҳар кас бишнос ва мадҳ чун гӯӣ, қадри мамдӯҳ бидон. Касеро, ки корде бар миён набаста бошад, магӯй, ки ту ба шамшер шер афканию ба найза кӯҳи Бесутун бардорӣ ва ба тир мӯй шикофӣ. Ва он ки ҳаргиз ба харе нанишаста бошад, аспи ӯро ба Дулдулу Буроқ ва Рахшу Шабдез монанд макун. Бидон, ки ҳар касеро чӣ бояд гуфтан»— Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома»
амал намекарданд. Ин шева аз ибтидои ҳукумати Ғазнавиён оғоз ёфт. Қасидасароёни дарбори Ғазнавиён Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва баъдан қасидасароён Амъақи Бухороӣ, Анварӣ, Муиззӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Рашиди Ватвот, Заҳири Форёбӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ ва дигарон, ки дар дарбори Қарахониён, Салҷуқиён, Ғуриён, Хоразмшоҳиён, Шервоншоҳиён ва дигарон зиндагиву эҷод кардаанд, мадеҳаҳои пуриғроқ, муболиғаомез то ҳади ғулув бо таърифҳои дурӯғэҷодкардаанд.Дар ин замон адибони дарборӣ аз рӯи дастури «шеър фурӯғ аз дурӯғ мегирад» амал мекарданд. Шоирону адибони маддоҳ, ки аз мамдӯҳон симу зар, хилъату асп, ғулому канизак, замин ва мансаб мегирифтанд, аз молу дороии ба даст овардаашон фахр мекарданд. Инро ҳам онҳо дар баъзе фахрияҳои худ таъкид намудаанд. Дар баробари шоирону адибони маддоҳ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик намояндагоне аз шоирону нависандагони бузург Носири Хусрав (Ман онам, ки дар пои хукон нарезам – Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро), Низомии Ганҷавӣ, Сайфи Фарғонӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон буданд, ки шоирони маддоҳро мазаммат кардаанд. Ба ақидаи ин гурӯҳи адибон «Суханро зеваре ҷуз ростӣ нест» (Абдурраҳмони Ҷомӣ). Муҳити номусоиди дарбор имконият намедод, ки истедоди шоирону адибони нерӯманд (Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Амъақ, Муиззӣ, Салмони Соваҷӣ ва дигарон) рушду нумӯъ намояд. Қисме аз шоирон дар охири умр аз мадеҳасароӣ даст кашиданд (Кисоии Марвазӣ, Анварӣ, Саноӣ, Хоқонӣ ва дигар) ва ё аз мадҳи гуфтаашон пушаймон шуданд. Масалан, Рӯдакӣ яке аз онҳост:
- Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
- Биёзмудамашон ошкору пинҳонӣ.
- Нахостам ба таманно, магар ба дастурӣ,
- Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ба дарбор рӯй овардани шоирону нависандагон, аҳли эҷод дар аксар ҳолатҳо аз ночорию нодорӣ, ниёзмандӣ буд. Маҳз дар дарбор ин ашхос метавонистанд ҳақи заҳмат, музди меҳнате пайдо бикунанд ва рӯзгори худро пеш баранд. Аксар адибоне ба мисли Рӯдакӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Навоӣ-Фонӣ, Мушфиқӣ ва диг. муддатҳо дар хидмати дарбор буданд, вале эҷодиёти онҳо аз ғояҳои гуманистӣ ва умумиинсонӣ орӣ нест. Саҳми адибони дарборӣ дар рушди санъати сухан, воситаҳои тасвири бадеӣ ва таҳаввули забони адабӣ арзанда аст.
Адабиёт
вироиш- Мирзоев А. Оид ба баъзе масъалаҳои мероси адабӣ ва омӯхта шудани он, маҷалла, «Шарқи Сурх», 1959, № 4;
- Ҳусейнзода Ш. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8. - Д., 1971;
- Муллоаҳмадов М. Фаррухии Систонӣ. - Д., 1978;
- Абдуллоев А. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI. - Д., 1979;
- Афсаҳзод А. Дар сафи бузургон. - Д., 1986.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.