Адибаи Азиз (тав. 30 январи 1978,деҳаи Мӯъминободи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2005), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010)

Адибаи Азиз
Адибаи Азиз
Ном ба ҳангоми таваллуд: Адибаи Азиз
Таърихи таваллуд: 30 январ 1978(1978-01-30) (46 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Муминободи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Адибаи Азиз 30 январи соли 1978 дар деҳаи Мӯъминободи ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Соли 1995 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳраки Обигармро бо медали тило хатм кардааст. Соли 2001 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Солҳои 2005—2009 корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» солҳои 2009—2010 корманди Шабакаи Якум (Тоҷикистон), аз соли 2010 то имрӯз корманди телевизиони «Пойтахт» мебошад.

Эҷодиёт вироиш

Адибаи Азиз аз синфи чорум шеър менавишт, аммо аввалин дафтари шеърашро дар сини 29-солагӣ, нашр кардааст. То имрӯз китобҳои ашъораш «Сад барги ҳиҷрон» (2007), «Парандаҳои қафасӣ» (Маскав, 2008), «Тулӯъ дар бандар» (2009), «Заршохаҳои ишқ» (2011, 2012; ба хатти форсӣ) ва «Шаҳри зумуррудгун» (2013) ба табъ расидаанд. Мавзӯи асосии навиштаҳои Адиба ишқ аст, ишқи саршори сӯзи фироқ ва дарди иштиёқ, муҳаббати самимӣ ба Меҳан ва меҳру садоқат ба Модар!

Ҷоизаҳо вироиш

  • Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон[1][2].

Эзоҳ вироиш

  1. http://www.ozodi.org/content/article/24453651.html Адибаи Азиз: «Шеър бояд иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад» Радиои Озодӣ 16 январ 2012
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 27 ISBN 978-99947-2-379-9