Аждаҳо
Аждаҳо (форсӣ: اژدرها), аждар, аждарҳо — мори солхурдаи калони афсонавӣ, ки пар баровардааст ва аз даҳонаш оташ берун меояд.[1]
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мухолифонро як рӯз рӯзгор мадеҳ, Ки аждаҳо шавад, ар рӯзгор ёбад мор. |
Аждаҳо дар асотири қадим
вироишАждаҳо, махлуқе ба сурати мори калони сесар, ҳафтсар, ки дар устураҳо, афсонаҳо, достонҳо, қиссаву ривоятҳо, адабиёти даҳанакӣ ва хаттии тоҷикӣ амал менамояд. Сарманшаи ин тимсол Ажи Даҳакаи Авесто мебошад. Дар адабиёти форс-тоҷик, масалан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Заҳҳок табдил ёфтааст. Дар афсонаҳои халқи тоҷик, қиссаҳои адабиёти омиёна аждаҳо ба мардум зарар, ваҳшату даҳшат меоварад. Бо оташе, ки аз пӯзаҳояш мебарорад, ҳама ҷою макон, одамонро месӯзонад. Қаҳрамонони накӯкори қиссаҳову ривоятҳо, афсонаҳо ба ҷанг бо аждаҳо рафта пирӯзӣ ба даст меоваранд. Дар адабиёти даҳанакӣ ва хаттии тоҷикӣ аждаҳо киноя аз шамшер, теғ, занҷири пои зиндониён ва ғайра мебошад. Вожаҳои зиёде бо калимаи аждаҳо – аждарфикан, аждарандоз, аждаҳобора, аждаҳодӯш, аждаҳокеш, аждаҳопайкар, аждаҳошикор, аждаҳочашм, аждаҳодил ва ғайра дар осори адабӣ корбаст шудаанд. Аждаҳо дар адабиёти даҳанакӣ ва хаттии Япония, Корея, Чин, Вйетнам ва дигар кишварҳои Шарқи Дур тимсоли мусбат аст.[2]
Инчунин нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Раҳмонӣ Р., Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ, Душанбе, 1999.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 42
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - с. 203 / Р. Раҳмонӣ.