Азизхон Абодиллохон
Азизхон Абодиллохон (1849, деҳаи Синдефи Шуғнон — 1940, шаҳри Орёли Россия) — ҳоким, мингбошии Шуғнон, Шоҳдара ва Рӯшон (1893—1917).
Зиндагинома
вироишДар адабиёти таърихӣ бо номи Шоҳ Азизхон ва Азис Ханъ маъруф аст. Азизхон аз насли шоҳони Шуғнон (Шоҳдара) мебошад, ки то нимаи аввали садаи XIX дар ин мантиқа фармонраво буданд. Соли 1883 Помири Ғарбӣ аз тарафи афғонҳо таҳти роҳбарии Амир Абдурраҳмонхон забт мешавад ва зулми ниҳоят бераҳмонаи онҳо дар сари мардуми навоҳии Шуғнон, Шоҳдара, Рушону Вахон то соли 1895 давом ёфт.
Корнамоиҳои Азизхон
вироишТибқи шаҳодати манобеи таърихӣ дар натиҷаи зулму куштори афғонҳо нуфуси аҳолии як худи Шуғнон аз 18 ҳазор нафар ба 5 ҳазор нафар коҳиш меёбад. Қисми мардуми ин навоҳӣ аз ҷабру зулм ба Сариқули Чин, Ӯш, Фарғона ва Андиҷон кӯч бастанд. Дар ҳамин муборизаҳои зидди зулми афғонҳо чеҳраи Азизхон ҳамчун фарди таърихӣ ва шахсияти сиёсӣ зоҳир шуд. То ин замон Россияи подшоҳӣ Осиёи Миёнаро забт карда, қисми бештари онро ба губернияи Туркистон табдил дода буд ва он аз ҷониби генерал-губернатори Туркистон идора мешуд. Русҳо аллакай дар Мурғоб буданд ва Азизхон бори нахуст аз ҷониби аҳолии маҳал ба Помири Шарқӣ, ба мулоқоти низомиёни рус, ки то ин ҷо нав роҳ паймуда буданд, фиристода мешавад. Баъди бозгашт аз Мурғоб Азизхон барои раҳоӣ аз чанголи истибдодгарони афғон дар ташкил намудани номаҳои расмӣ аз номи аҳолии Помир ба унвони генерал — губернатори Туркистон пешсаф мешавад ва ҳамроҳ бо намояндагони рус ба Тошканд рафта мактубҳоро ба генерал — губернатор мерасонад. Июли 1894 афғонҳо ба ҳарби дастаҳои низомии рус тоб оварда натавониста рӯ ба гурез ниҳоданд. Хидмати Азизхон дар озод кардани тоҷикони Помир аз зулму асорати чандинсолаи афғонҳо бузург буд. Охири садаи XIX Шуғнону Рӯшони соҳили рости дарёи Панҷ ва водиҳои Ғунду Шоҳдара дар як мулк муттаҳид шуданд ва Азизхон мингбошӣ таъйин гардид. Сентябри 1895 ба асоси шартномаи алоҳида байни Россияи подшоҳӣ ва Англия мулкҳои болооби Панҷ (Вахон, Шуғнон ва Рушон) ба ивази Дарвози соҳили чапи дарёи Панҷ ба Аморати Бухоро дода шуданд. Намояндаи амири Бухоро дар Помир барои ҷазби Азизхон ба корҳои аморат ба ӯ унвони мирохӯрро дода, бо «Нишони доруссалтанаи Бухорои Шариф» мукофотонид. Вале манғитиён дар ҷабру зулм аз афғонҳои аҷнабӣҳам пеш гузашта, бо андозҳои гарон, ришватситониҳо, фосиқӣ ва одамрабоиҳо мардумро ба танг оварда буданд. Августи 1904 Азизхон, пири рӯҳонӣ Сайид Юсуфалишоҳ ва Амонбек — писари мингбошии Вахон таҳти ҳимояи экспедитсияи Б. А. Федченко ба Тошканд сафар карда, масъалаи аз итоати Бухоро баровардани Помир ва ба ҳайати Россия даровардани онро ҳал намуданд.
Ордену медалҳо
вироишАзизхон ҳамчун роҳбари минтақавии қисмати зиёди Помир аз номи ҳукумати подшоҳии рус соли 1901 бо ордени
- «Станислави муқаддас» (дараҷаи III) ва соли 1910 бо ордени
- «Аннаи муқаддас» мукофотонида шудааст.
Феврали 1913 Азизхон расман дар ҷашни 300-солагии батахтнишинии авлоди Романовҳо дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок карда, бо медали юбилейии
- «300-солагии хонаводаи Романовҳо» мукофотонида шуд. Азизхон дар давоми 24 соли фаъолияташ дар сохтмони нахустин роҳҳои васеи аробагард, каналу ҷӯйборҳо, ҷой додани мардуми камзамин дар водиҳо, пазироии гурезаҳо аз Афғонистон, мубориза ба муқобили тарекфурӯшиву тарёккашӣ, мадад ба ҳар навъи мӯҳтоҷон хидмати босазое кардааст. Азизхон яке аз чеҳраҳои барҷаставу шинохта, сиёсатмадори хирадманди тоҷик дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар шарқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Азизхон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.