Азрақия ё азориқа (ар. أزارقة‎) — яке аз тавоифи бузурги хавориҷ ва аз пайра­вони Нофеъ ибни Азрақ ибни Қайс ҳастанд. Вай аз қабилаи банӣ Ҳанифа ва аз аҳли Басра буда, дар замони Абдуллоҳ ибни Зубайр бар зидди вай хуруҷ кард ва бо Муҳаллаб ибни Абусуфра дар чандин мав­зеъ ба заду­хӯрд пардохт, то саранҷом соли 65 ҳ./685 м. дар наздикиҳои Аҳвоз дар набарди Дулоб кушта шуд.

Ақидаи азориқа ин аст, ки ҳамаи мухолифонашон, яъне дигар мусалмонон мушрик ва аҳли дӯзах мебошанд, куштан ва ғанимат гирифтани молу мулки онҳо ҷоиз аст, барои шахси хориҷӣ ҷоиз нест, ки аз қафои ғайри хориҷӣ намоз бигузорад, зеро ба ақидаи онҳо вай мушрик аст.

Ҳамчунин онҳо ақида доранд, ки сар задани гуноҳо­ни сағира ва ка­бира ҳар ду аз паёмбарон имкон дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Хайруддини Зириклӣ, Ал-аълом, ҷ. 7. – Бейрут, 2007;
  • Доиратул­маорифи форсӣ, ҷ. 1. – Теҳрон, 1380 ш.