Айлодара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сари Осиёби ноҳияи Ховалинг. Аз Айлодара то маркази ноҳия 14 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 247 нафар (2009), тоҷикон. Айлодара мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз оби сой ва чашма обёрӣ мешаванд.

Айлодара
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ховалинг
Ҷамоат деҳоти Сари Осиёби
Масоҳат 14 км
Аҳолӣ 247 нафар (2009)

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш