Айюб
Айюб (ар. أيوب – баргарданда ба сӯи Худо) — пайғамбар, ки номи ӯ дар Қуръон 4 бор (4:163; 6:84; 21: 83/84; 38:41) ва дар Библия (дар китоби махсус, дар шакли Иов) зикр шудааст. Дар Сифр ( Китоб)-и Айюби Аҳди қадими Библия қиссаи Айюб ва таҷорубу сабри ӯ ва муҷодалааш бо дӯстон ба тафсил ҳикоят шудааст[2].
Айюб | |
---|---|
араб. ар. أيوب | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | воиз, набӣ |
Таърихи таваллуд: | тақрибан садаи XVI то милод |
Таърихи даргузашт: | тақрибан садаи XV то милод |
Маҳалли дафн: | |
Умр | 254 сол |
Падар: | Мус[1] |
Модар: | духтари Лут |
Ҳамсар | Раҳмат |
Ном бо забонҳои дигар: | ибрӣ: אִיּוֹב |
Шабоҳат: |
масеҳӣ — Иов яҳудӣ. — Ийов |
Гурӯҳ: | паёмбар (набӣ) |
Зикр дар Қуръон: | 4 маротиба: 4:163, 6:84, 21:83,84, 38:40—44. |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Таърих
вироишАз нигоҳи муфассирон ва муаррихони исломӣ Айюб аз пайғамбарони илоҳӣ, фарзанди Анус, модараш аз насли Лут буд ва дар сарзамини Уси кишвари Адум мезист. Айюб соҳиби фарзандон (дар Библия – 7 писару 3 духтар) ва молу сарвати бисёр буд. Худо ӯро бо ҳалоку нобуд кардани хонаводаву молу сарваташ ва ба беморӣ мубтало гаштанаш озмуд. Айюб бо сабурӣ ин озмоишҳои Худоро таҳаммул кард. Худо дуоҳои ӯро бипазируфт ва бемориашро бо оби чашмае шифо бахшид, хонаводаашро зинда кард. Баъди он Айюб боз 140 сол (Библия) бизист. Дар хусуси чашмаи Айюб нақлу ривоятҳо зиёд аст, аз ҷумла, дар Бухоро бо номи Чашмаи Айюб маҳале ҳаст, ки ҷои шифоталабӣ ва сайргоҳи мардум дар идҳову ҷашнҳо, ба хусус Наврӯз будааст. Дар забонҳо, аз ҷумла, тоҷикӣ, «сабри Айюб» масал барои касе аст, ки бисёр ҳавсалаву сабр дорад. Ҳамчунин «сабри Айюб» дар якҷоягӣ бо «умри Нӯҳ» масал аст, ки дар мавриди пеш омадани кори бас душвор ва вақтталаб зада мешавад. Дар адабиёти ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар бораи Айюб ва сабру таҳаммули ӯ ва аз ин тариқ боз расидани ӯ ба мақсадҳояш достону ривоятҳои зиёд навиштаанду гуфтаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ История Айюба, Зуль-кифля, Жители Расса, Юнуса, Шу'айба, Ахлюль-карья // Инфо-ислам
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2011, - с.237-238 // М. Умаров.
Адабиёт
вироиш- Пиотровский М.Б. Аййуб // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 16-17.
- Али-заде, А. А. Аййуб (архив ) // Исламский энциклопедический словарь. — М.: Ансар, 2007.
- М. Б. Пиотровский Аййуб // Мифы народов мира. Энциклопедия / Гл. ред. С. А. Токарев. — М. : СЭ, 1980—1982. — Т.1, С.52.
- Ибн Касир. Кисас аль-Анбия (Сказания о пророках) // Рассказ о Иове (Аййубе), мир ему.
- Ayyūb / Jeffery A. // Encyclopaedia of Islam. 2 ed. — Leiden : E. J. Brill, 1960—2005. (платн.)
Сарчашма
вироиш- Айюб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.