Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамо

(Тағйири масир аз Академияи Америкоӣ)

Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамо (англ. Academy of Motion Picture Arts and Sciences, A.M.P.A.S.) — созмони ҷамъиятӣ дар ИМА.

Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамо
Маркази маъмурӣ
Намуди созмон film academy[d]
Санаи таъсис 11 май 1927[4][5]
Веб-сайт oscars.org(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Соли таъсисёбии Академия

вироиш

Дар Ҳолливуд соли 1927 таъсис ёфтааст.

Ҳадафаш

вироиш

Ҳадафаш баланд бардоштани дараҷаи маърифатӣ, маданӣ ва техникии кинои америкоӣ мебошад.

Шумораи коргарон

вироиш

Беш аз 4 ҳазор аъзоро муттаҳид менамояд, ки аксарашон намояндагони барҷастаи эҷодӣ ва маъмурии Голливуд ҳастанд. Аз 12 бахш — режиссёрӣ, актёрӣ, сенариянависӣ, композиторӣ, продюсерӣ ва ғайра иборат аст. Дорои бойгонӣ, китобхона, толори намоишдиҳист, фаъолияти иттилоотӣ ва лексионӣ мебарад.

Ҳамасола (аз 1929) барои комёбиҳои барҷастаи кинои америкоӣ ва хориҷӣ аз рӯи 20 номенатсия мукофоти «Оскар» тақдим менамояд, ки дар соҳаи кинои ҷаҳонӣ бонуфузтарин ба шумор меравад. Ғолибон тариқи овоздиҳии махфии аъзои академия муайян мегарданд. Аз соли 1973 барои филмҳои донишҷӯён мукофоти махсус эҳдо мешавад. Академия соле се маротиба феҳрист ва маълумотро дар хусуси маҳсулоти кинои америкоӣ ба табъ мерасонад.

  1. https://opencorporates.com/companies/us_ca/C0123670 (ингл.) — 2010.
  2. Карты Google — 2005.
  3. (unspecified title)
  4. History of the Academy (ингл.)AMPAS.
  5. ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942

Сарчашма

вироиш