Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон


Акадéмияи илмҳóи тиббии Тоҷикистóн, АИТТ — муассисаи илмии тиббӣ дар Тоҷикистон.

Таъсис

вироиш

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ 31 августи 2009 ташкил шудааст. АИТТ 12 муассиси тадқиқоти илмиро дар бар мегирад:

  • Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинотология,
  • Пажӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳо,
  • Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология,
  • Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон,
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина,
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии хун,
  • Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматологӣ,
  • Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ,
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии омосшиносӣ,
  • Маркази тадқиқоти илмии дорусозӣ,
  • Маркази ҷумҳуриявии масоили ғизо,
  • Маркази миллии илмии пайванди узв ва бофтаҳои одам.

АИТТ аз шуъбаҳои илмҳои клиникӣ, илмҳои назариявӣ ва фармасевтӣ, аспирантура ва бахши илмию ташкилӣ иборат аст. Манзур аз ташкил намудани АИТТ ба роҳ мондани пажӯҳишҳо дар бахшҳои илмҳои назариявӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми тиб, аз ҷумла усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳо, ташкили конгрессу анҷуманҳои илмӣ, муқаррар намудани самтҳои асосии инкишофи илми тиб, тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ва ғайра мебошанд.[1]

Аъзои АИТТ

вироиш

АИТТ 3 нафар узви пайваста (Мироҷов Ғ. Қ., Додхоева М. Ф., Қурбонов К. М.) ва 6 нафар узви вобаста (Гулмуродов Т Г., Зоиров П. Т., Ҳамидов Н. Ҳ., Файзуллоев Н. Ф., Ғоибов А. Ҷ., Исуфов С. Ҷ.) дорад (2011). Президенти АИТТ — Мироҷов Ғ. Қ. (аз 2009).

Бознигаред

вироиш
  1. Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 241. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

Адабиёт

вироиш