Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамо
Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамо (англ. Academy of Motion Picture Arts and Sciences, A.M.P.A.S.) — созмони ҷамъиятӣ дар ИМА.
Соли таъсисёбии АкадемияВироиш
ҲадафашВироиш
Ҳадафаш баланд бардоштани дараҷаи маърифатӣ, маданӣ ва техникии кинои америкоӣ мебошад.
Шумораи коргаронВироиш
Беш аз 4 ҳазор аъзоро муттаҳид менамояд, ки аксарашон намояндагони барҷастаи эҷодӣ ва маъмурии Голливуд ҳастанд. Аз 12 бахш — режиссёрӣ, актёрӣ, сенариянависӣ, композиторӣ, продюсерӣ ва ғайра иборат аст. Дорои бойгонӣ, китобхона, толори намоишдиҳист, фаъолияти иттилоотӣ ва лексионӣ мебарад.
Ҳамасола (аз 1929) барои комёбиҳои барҷастаи кинои америкоӣ ва хориҷӣ аз рӯи 20 номенатсия мукофоти «Оскар» тақдим менамояд, ки дар соҳаи кинои ҷаҳонӣ бонуфузтарин ба шумор меравад. Ғолибон тариқи овоздиҳии махфии аъзои академия муайян мегарданд. Аз соли 1973 барои филмҳои донишҷӯён мукофоти махсус эҳдо мешавад. Академия соле се маротиба феҳрист ва маълумотро дар хусуси маҳсулоти кинои америкоӣ ба табъ мерасонад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ History of the Academy — Академияи Америкоӣ.
- ↑ https://ndsa.org/membership/members/
- ↑ https://opencorporates.com/companies/us_ca/C0123670 (ингл.) — 2010.
- ↑ Карты Google — 2005.
СарчашмаВироиш
- Академияи Амрикоӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.