Акбаршоҳ Искандаров

Акбаршоҳ Искандаров — ходими давлатӣ, сиёсатмадор, дипломати тоҷик.Доктори илми сиёсатшиносӣ.

Акбаршоҳ Искандаров
Акбаршоҳ Искандаров
Ном ба ҳангоми таваллуд: Акбаршоҳ Искандаров
Таърихи таваллуд: 1 август 1951(1951-08-01) (73 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Кеврон, Ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  СССР
 Тоҷикистон
Таҳсилот:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои сиёсатшиносӣ
Эътиқод: ислом, ҳанафимазҳаб
Ҳизб: Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: сиёсатмадор

Зиндагинома

вироиш

Акбаршоҳ Искандаров 1 августи соли 1951 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Қалъаи Хумби ВМКБ дида ба олам кушодааст. Дорандаи се дипломи маълумоти олист. Аввал Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм карда, баъдан ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил шуда, онро соли 1979 ба анҷом расонидааст. Дар ин миён ғоибона мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро низ хатм намудааст. Фаъолияти кориашро чун сармуҳандиси заминсозӣ оғоз кардааст ва баъдан, сариқтисодчии Идораи кишоварзии ноҳияи Қалъаи Хумб будааст. Ду сол нозири идораи марказии омори ноҳияи Қалъаи Хумб ва ду соли дигар инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунистии Қалъаи Хумб будааст. Солҳои 1984-1986 дар Кумитаи вилоятии ҲК ВМКБ инструктор ва ҳудудан ду соли дигар ҷонишини якуми раиси Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ишкошим буд.

Хатми донишгоҳи олии ҳизбӣ дарҳои мансабу вазифаҳои ҳизбиву давлатиро ба рӯяш боз кардааст. Солҳои 1987-1990 котиби аввали Кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ ва баъдан, муддати ду соли оянда, яъне солҳои 1990-1992 раиси Шӯрои вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ҳамзамон, ҷонишини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон будааст. Ирчунин, соли 1991 ва 1992 дар вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Дар муддати маҷбуран, зери фишори мухолифин аз мансаби президенти даст кашидани Раҳмон Набиев, аз 7 сентябр то 19 ноябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон буд. (бештар...).

Акбаршоҳ Искандаров аз ҷумлаи он сиёсатмадоронест, ки дар танзими субот дар кишвар нақш дорад ва муддате, ки роҳбарии мамлакатро ба уҳда дошт, аз ӯ камтарин лағжише дар мавқеи сиёсӣ мушоҳида нашуд, ки ҷиноҳҳо ӯро ба ҷонибдорӣ нисбати дигаре муттаҳам кунанд. Вай худро узви Ҳукумати муросои миллӣ ҳам намедонад. Ин буд, ки баъди Иҷлосияи 16 низ барои кор бо ҳукумати нав даъват шуд.

рӯзномаи Фараж

Ӯ якчанд сол ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон адои вазифа мекард.

Дар баробари фаъолияти дипломатӣ ба навиштани мақолаҳои илмию публисистӣ ва монографияҳо машғул шуда, дар суҳбатҳо аз он солҳои нобасомону мудҳиш бо дӯстону алоқамандон ёдоварӣ мекунад. Доктори улуми сиёсатшиносӣ, муаллифи китоби хотирот бо номи «Чашмаҳои дӯстӣ» аст. Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд.[1]

Сарчашма

вироиш