Open main menu

Акобир Мирзораҳимов

Акобир Каримович Мирзораҳимов (03.04.1963, н. Ваҳдат) — олим, доктори илмҳои биологӣ (2011).

Акобир Мирзораҳимов
Акобир Каримович Мирзораҳимов
Санаи таваллуд:

3 апрел 1963(1963-04-03) (56 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

биология

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои биология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

ЗиндагиномаВироиш

Акобир Каримович Мирзораҳимов соли 1985 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи биофизика ва физиологияи рустаниҳои АИ Тоҷикистон хондааст. Аз соли 1989 ба сифати ходими илмӣ, ходими калони илмии Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии ДМТ заҳмат кашида, солҳои 1994-2008 дотсенти кафедраи физиологияи рустаниҳо буд, чанд соли охир вазифаи муовини декани факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (2009-2015) иҷро кардааст. Аз апрели соли 2015 директори Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аз апрели 2016 директори Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Бобати тавсифи муқоисавии РБФ-карбоксилаза дар шаклҳои аз ҷиҳати ҳосилнокӣ гуногуни рустании пахта, шаклҳои молекулавии гуногуни фермент, танзими фаъолнокии маҷмӯаҳои мултиферментии озоди сикли Калвин дар рустаниҳои дараҷаи олӣ таҳқиқот анҷом додааст. Шумораи таълифоташ аз ҳаштод мегузарад. Бо медали «Хидмати шоиста» қадр ёфтааст.

ОсорВироиш

  • Намунаҳои тестӣ аз ботаника, зоология, анатомия ва биологияи умумӣ (Дастур барои дохилшавандагони мактабҳои олии ҷумҳурӣ). – Д., 1996;
  • Сравнительная характеристика РБФ – карбоксилазы различных по продуктивности форм хлопчатника. Мно-жественные молекулярные формы фермента. – Д., 1992;
  • Регуляция активности свободных мультиферментных комплексов цикла Кальвина у высших растений: Дисс.. доктора биолог. наук. – Д., 2011;
  • Механизмы адабтации мультифер-ментных комплексов у высших растений. LAMBERT, AcademucPublishind. – 2013 (соавтор);
  • Асосҳои энзимология. – Д., 2013 (ҳаммуаллиф).[1]

ЭзоҳВироиш

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 348.