Александри II
Александри II Николаевич (29 апрели 1818, Москва – 13 марти 1881, Санкт-Петербург) — императори Умумироссиягӣ бо лақаби «Озодибахш» (барои бекор кардани ҳуқуқи крепостнойӣ), шоҳи Полша ва князи бузурги Финляндия (1855 – 81) аз сулолаи Романовҳо.
ҚаҳрамониҳоВироиш
Александри II пас аз марги падараш 18 феврали 1855 ба тахти салтанат нишаст. 3 марти 1861 Александри II дар Петербург Манифест дар бораи бекор кардани ҳуқуқи крепостнойӣ ва Дастуруламал дар бораи деҳқонони аз ҳуқуқи крепостнойӣ озодгардидаро имзо кард. Александри II дар таърихи Россия ҳамчун ҷорикунандаи ислоҳотҳои васеъ маҳсуб мешавад. 1 явнари 1864 ислоҳоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ (земство), судӣ (1864), худидоракунии шаҳрӣ (1870), ҳарбӣ ва аслиҳа (1860 – 1870), маориф (1860 – 1870) гузаронда шуданд.Дар сиёсати беруна Александри II сиёсати анъанавии империявиро давом дод.
ЗабткориҳоВироиш
Дар солҳои аввали ҳокимияташ Руссия дар ҷанги Кавказ ғолиб омад. Дар Осиёи Миёна (1865 – 1881) ҷангҳои бисёре ба вуқӯъ пайваста, қисми зиёди он ба Руссия ҳамроҳ карда шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони имрӯза Хуҷанд (24. 5. 1866), Нов (28. 5. 1866) Ӯротеппа (2. 10. 1866), Панҷакент, Фалғару Мастчоҳ (1870) ҷангҳои шадид ба амал омаданд. Солҳои 1877 – 1878 Руссия бо Туркия ҷангида, пас аз хотимаи он Александри II унвони генерал-фелдмаршалро соҳиб шуд (30. 4. 1878). Соли 1867 Аляскаро (Америкаи Русӣ) ба ИМА фурӯхт. Дар давраи ҳукмронии Александри II соли 1881 амири Бухоро Музаффар аввалин ордени тоҷикӣ – «Нишони дору-с-салтанаи Бухорои Шариф»-ро таъсис дод ва яке аз аввалин мукофотонидашудагон Александри II буд. Дар натиҷаи сӯиқасди 13 марти 1881 ба қатл расид. Ба ифтихори Александри II минерали александрит номгузорӣ шудааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.00 1.01 1.02 1.03 1.04 1.05 1.06 1.07 1.08 1.09 1.10 Александр II // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 402–411.
- ↑ 2.0 2.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118501860 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ Мария Александровна // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVIIIа. — С. 636–637.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Kindred Britain
- ↑ Николай Александрович // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XXI. — С. 129.
- ↑ Николай Александрович // Русский биографический словарь — СПб.: 1914. — Т. 11. — С. 357–365.
- ↑ Александр III // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 411–413.
- ↑ Владимир Александрович // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VIа. — С. 644.
- ↑ Алексей Александрович // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1905. — Т. доп. I. — С. 81. — 956 с.
- ↑ Сергий Александрович // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1900. — Т. XXIXа. — С. 651–652.
- ↑ Павел Александрович // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XXIIа. — С. 552.
- ↑ Мария Александровна // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVIIIа. — С. 637.
- ↑ 13.0 13.1 13.2 13.3 13.4 Lundy D. R. The Peerage
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.