Александр Глазунов
Александр Константинович Глазунов (29 июл [10 август] 1865[1][2][3][…], Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ[4][6] — 21 март 1936[4][1][5][…], Порис[6][7][8]) — оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ ва мусиқидони номдори рус.
русӣ: Александр Константинович Глазунов | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 29 июл (10 август) 1865[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 март 1936[4][1][5][…] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, омӯзишгар, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, устоди донишгоҳ, пиёнунавоз |
Сабк | симфонӣ ва мусиқии килоссик[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАлександр Глазунов Солҳои 1879—1981 дар назди Римский-Корсаков таълим гирифтааст. Дар 16-солагӣ (1882) таҳти роҳбарии Балакирев нахустин симфонияи ӯ дар Санкт-Петербург иҷро шуд, ки аз истеъдоду маҳорати ин композитори ҷавон гувоҳӣ медод. Аммо Александр Глазунов сабки хосси худро ба таври мукаммал дар симфонияи 4-ум (1893) пайдо кард. Дар нахустин осори хеш ба омезиши равияҳои гуногуни мусиқии русӣ, ки дар охири асри 19 зуҳур карда буданд, саъй кард. Дар ташаккули эҷодии ӯ М. А. Балакирев, А. П. Бородин, П. И. Чайковский, С. И. Танеев нақши муҳим бозидаанд. Аз соли 1888 чун дирижёр дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ асарҳои оҳангсозони русро тарғиб намудааст. Аз соли 1899 профессор Консерваторияи Санкт-Петербург, аз охири соли 1905 то азиматаш аз ИҶШС директори он буд. Александр Глазунов яке аз навсозони таълими мусиқӣ аст. Дар эҷодиёти Александр Глазунов мусиқии симфонӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ӯ муаллифи 8 симфония, консертҳои созӣ, сюитаҳои симфонӣ, достону увертюраҳо ва дигар пйесаҳо барои оркестр, 7 квартет, 2 соната ва дигар асарҳо барои фортепиано мебошад. Александр Глазунов анъанаи П. И. Чайковский — симфоникунонии жанри балетро давом дод. «Раймонда» (1898), «Баришняи ходимак», «Фаслҳои сол» (ҳар ду — 1900) олитарин балетҳои Александр Глазунов мебошанд. Мусиқии Александр Глазунов бо самимият ва дилангезии худ шунавандаро мафтун мекунад. Симфонияҳои 5-ум, 6-ум ва 8-ум, ки дорои афкори фалсафию драматизми амиқанд, шоҳасарҳои Александр Глазунов мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Глазунов Александр Константинович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ 7.0 7.1 Grove Music Online (ингл.) — OUP.
- ↑ 8.0 8.1 MGG Online (нем.) — Bärenreiter-Verlag, 2016.
Осори адабӣ
вироиш- Воспоминания об А. А. Спендиарове. — М.: «Советская музыка».1939, № 9—10.
- Письма, статьи, воспоминания: Избранное / [Сост., вступ. статья, с. 3—19, и примеч. М. А. Ганиной]. — Москва: Музгиз, 1958. — 550 с., 5 л. портр.: нот. ил.
- Полное собрание сочинений для фортепиано. Т. 1. / Ред. и коммент. В. С. Белова. — М.: Музгиз, 1955. — 240 с.
- Франц Шуберт: Очерк / А. К. Глазунов; Ленингр. гос. консерватория; Обложка: Алексей Ушин. — Ленинград: Academia, 1928 (тип. «Кр. газ.» им. Володарского). — 43, [1] с., [2] с.
Адабиёт
вироиш- Ганина М. А. К. Глазунов. Жизнь и творчества. Л., 1961;
- Курсман А. С. А. К. Глазунов. М., 1977;
- Крюков А. Н. Александр Константинович Глазунов (1865–1936). М., 1984;
- Куницин О. И. Балети А. К. Глазунова. М., 1989.
Сарчашма
вироиш- Глазунов Александр Константинович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.