Алии Бадахшонӣ маъруф ба Қотеъ Мавлоно Бадр (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи тоҷик (охири садаи XV ва ибтидои садаи XVI).

Алии Бадахшонӣ
Зодгоҳ Бадахшон

Зиндагинома

вироиш

Аслан Бадахшонист. Дертар ба Эрон муҳоҷират намуда, то охири умр дар Машҳад зиста ва ҳамон ҷо фавтидааст. Тибқи маълумоти Қозӣ Аҳмад Алии Бадахшонӣ зиндагии сода ва дарвешонае дош тааст. Ҳунари хаттотиро дар овони ҷавонӣ омӯхта ва зуд шуҳрат ёфтааст. Дар навиштани анвои хати арабӣ маҳорати тамом доштааст. Бино ба маълумоти Қозӣ Аҳмад («Гулистони ҳунар»). Алии Бадахшонӣ дар хушнависӣ ба пояи устод Миралии Ҳиравӣ расида, дар хати онҳо фарқияте дида намешуд. Мутаассифона, намунае аз китобатҳои Алии Бадахшонӣ то замони мо нарасидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Кази Ахмед, Трактат о каллиграфах и художниках, М. — Л., 1947.