Алишер Ёрбобоев

ходими давлатии Тоҷикистон

 

Алишер Ёрбобоев
Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев
парчам
муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 1993 — соли 2004
Таваллуд 7 январ 1951(1951-01-07) (73 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев
Ҳизб Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Таҳсилот
Касб ходими давлатӣ
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000)

 

Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев (Тав. 07.01.1951, ш. Панҷакент) — иқтисоддон, ходими давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000).

Зиндагинома вироиш

Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев 7 январи соли 1951 дар шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1971 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси "Молия ва Қарз" хатм намудааст.

Корнома вироиш

  • Соли 1973 то 1978 — корманди Вазорати хизматрасонии маишии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Соли 1978 то 2004 — Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарии воҳидҳои гуногуни вазоратро ба ӯҳда дошт).
  • Соли 1993 то 2004 — муовин ва муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Соли 2005 — коршиноси миллии Агентии ҳамкории байналмилалии ҷопон (ЛСА) оиди арзебии иқтидори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идоракунии раванди рушд.
  • Соли 2005 — узви гурӯҳи кории Президентӣ оид ба таҳияи стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун мушовири миллии Бонки Ҷаҳонӣ).
  • Соли 2006 — узви гурӯҳи Ҳукуматӣ оид ба таҳияи Стратегияҳои миллии рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ.
  • Солҳои 2007 — 2014 — мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Соли 2014 — бо қарори Ҳукумати ҶТ нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
  • Соли 1992 — 1997 — дар бозгардонӣ ва ҷобаҷогузории гурезагон ба ҷойҳои муқими зист фаъолона иштирок намудааст.
  • Соли 1996 — узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоотонӣ интихоб гардидааст.
  • Соли 2000 ӯ ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гардидааст.
  • Солҳои 1996 ва 1998 — яке аз тартибдиҳандагони "Ҳисобот дар бораи рушди инсон" - и СММ.
  • Солҳои 2014 — 2016 - узви гурӯҳи мушовирони Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурӣ Тоҷикистон оид ба арзебии хатарҳои сиесӣ ва таъмини рушди устувор, татбиқи бомуваффақияти барномаҳои СММ дар Тоҷикистон ва Шимоли Афғонистон.
  • Аз соли 2014 — коршиноси хазинаи Соррос (донишкадаи Ҷамъияти Кушода) дар ҶТ.
  • Аз соли 2014 — коршиноси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират.
  • Аз соли 2014 — узви Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш