Алюминийи Тоҷикистон

«Алюминийи Тоҷикистон»нашрияи маъмурият ва иттифоқи касабаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик».

Навъ нашрия

Ношир КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»
Асосгузорӣ 9 июли 1976
Забон тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ
Теъдод 3000 (2010)

Маълумот

вироиш

Аз 9 июли 1976 ҳафтае як маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дар ҳаҷми 12 саҳифа ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои «Алюминийи Тоҷикистон» қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» марбутанд, оид ба рафти кор дар сехҳои коргоҳ, тарзи зиндагӣ ва истироҳати коргарон, муваффақиятҳои истеҳсолии коргарони ширкат, навигариҳои соҳаи истеҳсоли алюминий дар хориҷи кишвар, ҳаёти ҷумҳурӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза самтҳои фаъолияти давлати тоҷикон ва ғайра мавод ба табъ мерасад. Дар саҳифаи охири «Алюминийи Тоҷикистон» барои тамрини зеҳнӣ сканворду кроссворд, маводи шавқовар, инчунин эълонҳо чоп мешаванд. Дар дохили «Алюминийи Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ замимаи «Паёми иттиҳод – Вестник профсоюза» нашр мешавад, ки дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъият ва фаъолияти иттифоқи касаба хабару мақолаҳо ба табъ мерасонад. Адади нашри «Алюминийи Тоҷикистон» 3000 нусха (2010).

Сарчашма

вироиш